Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

12.12.2013
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳимияти тақвият бахшидани фаъолият дар соҳаи омори гендерӣ Мизи мудаввар гузаронида шуд.

12 декабри соли 2013, дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифии саҳифаи нави вебсайти гендерӣ мизи мудаввар гузаронида шуд, ҳамчунин Барномаи рушди омори гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2015 пешниҳод карда шуд.

Дар кори Мизи мудаввар Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна, Директори намояндагии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Си Си Юу, кормандони Агентии омор, намояндаҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Чорабинӣ дар чорчӯбаи тадбиқи барномаи минтақавии Бонки Осиёи Рушд «Мусоидати гендерию инклюзивии рушд дар мамлакатҳои рӯ ба тараққии, иштирокдорони Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ/Рушди иқтидори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омори гендерӣ» (44067-012) бо кӯмаку дастгирии молиявии Бонки Осиёи Рушд ба андозаи 22,7 ҳазор доллари ИМА, ташкил карда шудааст. Иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Хазинаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки ин гуна ташаббусҳо дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон дар доираи барномаи дар боло зикршудаи Бонки Осиёи Рушд бо муваффақият тадбиқ шуда буданд.

Дар рафти Мизи мудаввар аз рӯи ҷамъбасти баромадҳои намоишдодашуда, саволҳо ва пешниҳодҳо аз тарафи иштирокчиён анҷом ёфт, як қатор тавсияҳо ва таклифҳо оид ба таъмини устувори ин ташабусҳо оид ба кори саҳифаи гендерӣ, муҳлати барқароркунии маълумотҳо, инчунин дар шакли васеътар ҷойгир намудани маълумотҳои омори гендерӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба нишондиҳандаҳои омори гендерӣ дар самтҳои гуногуни омор, дар минбаъда, пешниҳод гардид. Як қатор таклифҳо оид ба таъмини самаранок ва саривақтии баамалбарории Барномаи рушди омори гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2015 пешниҳод карда шуданд.

Рушди истеҳсол, таҳлил ва паҳн намудани маълумотҳои гендерӣ дар Тоҷикистон бо вуҷуд доштани эҳтиёҷоти зиёд дар байни истифодабарандаҳои бонуфуз, сабаб шудааст. Яке аз омилҳои бонуфуз дар рушди омори гендерӣ ӯҳдадории байналхалқӣ мебошад, муҳимияти вай махсусан ба муносибати ҳисоботдиҳанда будан аз рӯи барномаҳои CEDAW ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ) инъикос меёбад. Ғайр аз ин Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2007-2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2013-2015, якҷо барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумотҳои гендерӣ катализатор мебошанд.
Ба ин муносибат татбиқи чунин ташаббус саҳми муҳим дар рушди низоми омори миллӣ маҳсуб меёбад, зеро бешубҳа саҳми худро дар рушду нумӯи демократикунонии ҷомеа, банақшагирии миллӣ ва баҳодиҳии рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт мегузорад.






 

Другие новости