Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.11.2013
Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар www.censusinfo.tj дастрас аст

 Хабар додан хушу гуворост, ки натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар www.censusinfo.tj дастрас аст, натиҷаи ҳамшарикии дусолаи байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNFPA-и Тоҷикистон низ дастрас мебошад.

Бори аввал натиҷаҳои барӯйхатгирӣ ба воситаи веб-сайт дар шакли ҷадвалҳои динамикӣ ва харита дастрас шудаанд. Сensusinfo ба истифодабарандаҳо имконият медиҳад, ки маълумотҳои барӯйхатгириро аз рӯи тақсимоти синну сол, ҷинсият ва дигар дигаргуниҳо аз ҷумла харитаҳо ва ҷадвалҳои динамикӣ дарёфт намоянд.

Аз соли 2012 сар карда дастгирии техникӣ дар омода намудану ҷорӣ кардани Сensusinfo аз тарафи UNFPA – и Тоҷикистон таъмин карда шуда буд, ҳангоме, ки курси омӯзишӣ оид ба омода намудан ва истифодаи Сensusinfo ба 10 мутахассиси Агентӣ муяссар шуда буд, соли 2013 бошад, мутахассисони масъул дар асосӣ дониши гирифтаашон дар курси мазкур, намунаи Сensusinfo- тоҷикиро омода намуданд.

Ғайр аз ин, истифодабарандаҳо метавонанд натиҷаҳои барӯйхатгириро дар шакли анъанавӣ ба тариқи ҷилдҳо дар http://www.stat.tj/publication/e-version/ пайдо намоянд.


 

Другие новости