Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.11.2013
Рӯзҳои 18-21 ва 22,25-26 ноябри соли 2013 ЮНИСЕФ ташрифи мушовир х-ма Маргарет Холл-ро оид ба масъалаҳои DevInfo ва гузаронидани семинари омӯзишӣ дар Агентии омор, таъмин намуд.

 Мақсади асосии мушовараи мазкур ва тренинги омӯзишӣ баланд бардоштани иқтидорӣ маъмурияти ТоҷикИнфо, ки метавонанд махзани маълумотҳоро мувофиқӣ талаботи истифодабарандагон –мутахассисон оид ба банақшагирӣ, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ташкил ва дар профили шакли ДевИнфо дастгирӣ намоянд, буд. Интизорӣ меравад, ки ҳангоми тренинги амалӣ иштирокчиён бо маълумотҳои ҳақиқӣ, тафсирӣ пешакии махзани хурди маълумотҳоро аз рӯи нишондиҳандаҳои интихобгардида, ҳамчунин намунаҳои (тавсифҳо) профилҳои минтақавиро, дар минтақаҳои интихобгардида, ташкил менамоянд.

Дар ҷараёни ташрифи хеш, мушовир мувофиқан бо шарикони миллӣ барои баҳодиҳии махзани мавҷудбудаи DevInfo, низом ва ҷараёни он барои пешниҳоди таклифҳо барои дурнамоӣ мустаҳкам намудани низоми ТоҷикИнфо, вохӯриҳо гузаронидан.


Дар доираи ин машваратҳо, як қатор ҷаласаҳои хурд гузаронида мешавад. Дар ҳар кадоми ин ҷаласаҳо масъалаҳои техникии муҳим барои ҷорӣ намудани муваффақона ва истифодабарии DevInfo (DI), нишон дода мешавад. Шиносоӣ/тафсир: консепсияҳои асосӣ ва вазифаҳо дар интерфейси истифодабарандагони DevInfo: маълумотҳои муҳоҷират аз DI6 дар DI7, махзани маълумотҳои маъмурӣ, аз нав кардани махзани маълумотҳои мавҷудбуда, дуруст тартиб додани махзани маълумотҳо мувофиқи талаботҳои истифодабарандагон ва имконияти истифода бо якчанд забонҳо, мебошад.

Дар тренинги омӯзишӣ мутахассисони Агентии омор, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони ЮНИСЕФ, иштирок намуданд.

Махзани маълумотҳои ТоҷикИнфо дар таҳти роҳбарии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколаташ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва маълумотҳои оморӣ дар кишвар, қарор дорад. Дар моҳи июни соли 2013 Агентии омор гурӯҳи корӣ оид ба ТоҷикИнфо бо мақсади пурзӯр намудани низоми устувори ҷорӣ, таъсис намуда буд. Дар доираи дастгириӣ техникии ЮНИСЕФ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯйхати индикаторҳои вазъи занон ва кӯдакон дар сатҳи умумиллӣ ва минтақавӣ, коркард шуда буд. Дар моҳи сентябри соли 2013 рӯйхати нишондиҳандаҳои пешакӣ пешниҳод ва бо шарикони асосӣ, муҳокима гардиданд. Бисёрҳам зарур мебуд, ки дар оянда аз тарафи ҳамаи шахсони ҳавасманд барои аз нав коркард намудан ва ба итмом расонидани рӯйхати нишондиҳандаҳо барои махзани нави маълумотҳои ТоҷикИнфо, кӯшиши зиёд ба харҷ дода шавад.

Зарурияти дар оянда мустаҳкам намудани иқтидорҳои миллӣ дар идоракунии ТоҷикИнфо ҳамчун восита барои дастгирии қабули ҳаллӣ масъалаҳо дар асоси далелҳое, ки барои беҳтар намудани вазъи кӯдакон мусоидат менамояд, вуҷуд дорад.

 

Другие новости