Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.11.2013
Муаррифии маълумотҳои натиҷаҳои асосии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2012

 20 ноябри соли 2013 дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенсӣ «Семинари Миллӣ оид ба муаррифии Ҳисоботи асосии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон (ТТДТ 2012) муаррифӣ гардид.

Дар муаррифӣ иштирок намуданд: мудири шӯъбаи тандурустӣ, оид ба корҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна, Сафири Иёллоти Муттаҳидаи Америка хонум Сюзан Эллиот, Директори минтақавии Агентии рушди байналмиллалии Агентии рушди байналмиллалии ИМА USAID – Ҷаноби Джонатан Эдлтон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Муҳаммадиева Бахтия Зиёдулловна, Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирова Саида Бобоевна, Иҷрокунандаи Роҳбари Намояндагии Фонди нуфуси СММ UNFPA –хонум Азиза Ҳамидова, ҳамчунин намояндагони Департаменти Давлатии ИМА, вазорату идораҳо, созмонҳои байналмиллалӣ ва рузномагирони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиева Бахтия Зиёдулловна дар суханронии худ қайд намуд, ки бо сарфарозии зиёд натиҷаҳои асосии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистонро, ки Агентии омор дар соли 2012 гузаронида буд, барои ҳамаи истифодабарандагони иттилооти оморӣ, пешниҳод менамояд.

Дар навбати худ ҳамчун Роҳбари лоиҳаи мазкур миннатдории бепоёни худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба дар гузаронидани Тадқиқоти мазкур, ба Агентии Иёллоти Мутаҳидаи Америка оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) барои расонидани кӯмакҳои молиявӣ-техникӣ ва машваратӣ, ба Фонди нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA), ба роҳбарияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмакҳои машваратӣ дар ҷараёни корҳои омодагӣ ва ҳамчунин омӯзиши кормандони Агентии омор дар гузаронидани корҳои саҳроӣ баён намуд.

Директори Агентии омор ба ҳамаи кормандони мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ва саҳми беандоза барои ба анҷом расонидани тадқиқоти мазкур миннатдорӣ, баён намуданд, ва қайд намуданд, ки зиёда аз 200 кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳою шӯъбаҳои Агентии омор ва кормандони Маркази Кулли Ҳисоббарорӣ дар тадқиқоти мазкур иштирок намуданд, 43 нафар барои корҳои харитасозӣ ва рӯйхаттартибдиҳӣ, 100 нафар барои гузаронидани корҳои асосии пурсиши аҳолӣ, 30 нафар ба сифати операторон, 2 нафар барномасозон, ҷалб гардида буданд.

Мудири шӯъбаи тандурустӣ, оид ба корҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна, миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҳукумати Иёллоти Муттаҳидаи Америка дар шахсияти хонум Сюзан Эллиотт Сафири Иёллоти Муттаҳидаи Америка ва Фонди нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид барои расонидани кӯмаки техникӣ ва дастгирии саривақтӣ дар гузаронидани тадқиқоти мазкур, изҳор намуд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ таъмини шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар мебошад, ки ин нуқта қариб дар ҳамаи Паёмҳо ва маърузаҳои ҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад.

Аз ҳамин ҷиҳат дар доираи Стратегияи Миллии Рушд, бо дарназардошти афзалиятҳо беҳтар намудани сифати хизматрасонии системаи тандурустӣ, беҳбудии ҳифзи саломатии модару кӯдак; паст кардани фавти аҳолӣ, махсусан фавти модарон ва кӯдакон, паст кардани сатҳи паҳншавии ВИЧ/СПИД, кам кардани мубталоӣ ба бемориҳои сироятӣ ва нобудсозии сироятҳои асосии бо ваксина идорашаванда; беҳбудии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, яке аз мақсадҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Боиси хурсандист, ки дар соли 2012 бо дастгирии молиявӣ ва техникии Агентии Иёллоти Мутаҳидаи Америка оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва кӯмаки молиявии Фонди нуфуси Созмони Миллали Мутттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тадқиқоти Тиббӣ-Демографӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин барои бомуваффақият ҷамъбаст намудани натиҷаҳои тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2012, роҳбарият ва кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, табрик намуд.

Дар суханронии хеш Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот қайд намуданд, «Тасаввур кардани банақшагирӣ ё қабули қарор бидуни маълумоти омор имконнопазир аст. Тадқиқоти тиббӣ – демографӣ, ки аз тарафи USAID дастгирӣ карда шудааст, ба шахсони масъули Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули тасмим саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад». Сафир инчунин таъкид намуд: «Мехостам даъват намоям, ки натиҷаҳои тадқиқоти мазкур, дар раванди қабули карорҳое мавриди истифода қарор гиранд, ки онҳо дар асоси далелҳо пешниҳод шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон дар кори таҳияи барномаҳои беҳтарин баҳри қишрҳои ниёзмандтарини аҳолӣмусоидат намоянд».

Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирова Саида Бобоевна дар суханронии худ қайд намудан, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок ба шумор меравад. Кӯдакон ояндаи ҳар як миллат буда, боигарии ҳар як давлат мебошанд.

Вазорати тандурустӣ баҳри беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолии ҷумҳурӣ, махсусан модарону кӯдакон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар давраи истиқлолияти давлат ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ эътироф карда шудаанд, ба монанди: «Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна табъиз нисбат ба занон». Як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба хифзи саломатии аҳолӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд – Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияҳо, барномаҳои миллӣ, протоколҳои клиникӣ.

Мамлакати мо оид ба татбиқи вазифаҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола - ӯҳдадориҳоро ба дӯш гирифт.
Таҳлилҳои вазъ нишон медиҳанд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба ҳифзи саломатии модарон, кӯдакону наврасон нокифоя мебошад, ки бо як қатор сабабҳо вобаста аст. Сабабҳои асосӣ – маблағгузории нокифоя, системаи сусти хизматрасонии самараноки тиббӣ, сатҳи пасти иттилоотнокии аҳолӣ ва инчунин таҳлили нопурраи сифати хизматрасониҳо, сатҳи пасти системаи мониторинг ва баҳодиҳӣ мебошанд.

Беҳтар намудани иқтисодиёти миллӣ бо роҳи истифодабарии чораҳо оид ба паст намудани камбизоатӣ дар қатори аз навкунии барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, яке аз иқдомҳои муҳим дар беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳамчунин саломатии одамон мебошанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо тамоюли пастравии фавти модарону кӯдакон дида мешавад. Айни замон ин тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои фавт нигоҳ дошта мешаванд.
Бемориҳои сироятӣ яке аз сабабҳои асосии беморшавӣ ва фавт дар давраи аз лаҳзаи ҳомиладоршавӣ то синни наврасӣ мебошад. Сироятҳои шадиди роҳҳои нафас ва диареяҳо яке аз сабабҳои асосии пешгиришаванда ва табобатшавандаи беморшавӣ ва фавти кӯдакон дар Тоҷикистон мебошанд. Зиёд шудани ҳодисаҳои бемориҳои паразитарӣ, сил, сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО дар байни гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ боиси ташвиш аст.

Оқибатҳои норасогии ғизодиҳӣ аксар вақт дар байни кӯдакони ширмак ва синни бармаҳал во мехӯранд ва аломатҳои асосии он – ақибмонии дарозӣ ва рушд, зиёдшавии беморшавӣ дар муқоиса бо ҳамсолон мебошанд. Бо сабаби он, ки дар Тоҷикистон проблемаҳои норасогии ғизодиҳӣ ва микронутриентҳо (микроэлементҳо ва витаминҳо) дар байни модарону кӯдакон хеле афзалиятнок буданд ва мемонанд, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар соли 2009 тадқиқоти миллӣ оид ба вазъи ғизогирии модарону кӯдаконро дар Тоҷикистон гузарониданд. Он вақт натиҷаҳои он тадқиқот паст шудани сатҳи намуди шадид ва вазнини норасогии ғизоро дар муқоиса бо натиҷаҳои пештара (с.2003) нишон доданд, нишондиҳандаҳои синамаконӣ бошанд, махсусан ғизодиҳӣ танҳо бо шири модар, ки барои пешгирии ин ҳолатҳо мусоидат менамояд, дар сатҳи паст қарор доштанд.

Тадқиқоти тиббӣ – Демографии мазкур, ки дар соли 2012 гузаронида шуда буд, ҳолати бисёр индикаторҳои саломатии модарону кӯдакон, инчунин таъсири омилҳои хатарнок, вазъи ғизодиҳӣ, норасогиҳо ва муқоисаи натиҷаҳо бо тадқиқотҳои қаблиро нишон медиҳад.

Аз ин лиҳоз, имрӯз мо бояд бо натиҷаҳои охирон ва боэътимодноки тадқиқоти гузаронидашуда шинос шавем ва дар оянда ин ба мо имконият медиҳад, ки дар ҳамкории бисёр соҳаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ нақшаи мушаххаси чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати саломатии модарону кӯдакон дар Тоҷикистонро таҳия намоем.

Баъдан аз номи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентӣ оид ба рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ЮСАИД) ва Хазинаи нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) барои ҳамкорӣ миннатдории худро баён намуданд.

Натиҷаҳои асосии ТТДТ 2012-ро, Директори-Техникии ТТДТ 2012 - Қулов Абдувалӣ Набиевич, Котиб-Ассистенти Директори ТТДТ 2012 – Гукасова Татяна Петровна, муовини сардори раёсати омори демографӣ ва иҷтимоӣ – Будникова Елена Василевна, кормандони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ - Шерали Раҳматуллоев, сармутахассис Санавбар Раҳматуллоева, Директори маркази солимии репродуктивӣ - Туманова Г, Турков С. - муовини директори Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ, Узоқова У. - сармутахассис оид ба масъалаҳои акушерӣ-гинекологӣ, Норляминова З. - мудири шӯъбаи Маркази пешгирии бемории СПИД, муаррифӣ намуданд.

Баҳодиҳии сатҳ ва тамоюли фавт дар миёни кӯдакони навзод ва кӯдакон яке аз вазифаҳои асосии ТТДТ 2012 буд, чунки коэффитсиенти фавт дар миёни ин гурӯҳи аҳолӣ нишондиҳандаи асосии вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳамчунин беҳтаршавии сифати зиндагӣ дар кишвар мебошад.

Фавти кӯдакони синни то 5 сола дар солҳои 2008-2012 – 43 ба 1000 зиндатаваллудшударо ташкил дод, нишондиҳандаи фавти кӯдакони навзод то 1 сола 34 ба 1000 зиндатаваллудшударо ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба Тадқиқоти Мулти Индикатории вазъи занон ва кӯдакон дар соли 2005 қариб 2 баробар паст мебошад (мутаносибан 79 ва 65 ба 1000 зиндатаваллудшуда), ба пастравии нисбатан баланди камшавии фавти кӯдакон дар давоми солҳои зиёди байни ин тадқиқотҳоро нишон медиҳад.

Эҳтимолияти зиндамонии кӯдакон дар Тоҷикистон, дар муқоиса ба сатҳи фавти тадқиқотҳои ТТД-и ба наздики дар як қатор кишварҳои ҳамсоя гузаронидашуда, нисбатан баландтар мебошад; масалан, нишондиҳандаи фавти кӯдакони навзод дар давоми панҷ соли пеш аз тадқиқот дар ТТД-2010 Арманистон ва ТТД-2007 Украина мутаносибан 13 ва 14 ба 1000 зиндатаваллудшударо ташкил медод, ки ин дар муқоиса нисбат ба ТТДТ-2012 хеле паст мебошад. Аз тарафи дигар нишондиҳандаи эҳтимолияти зиндамондани кӯдакон дар Тоҷикистон нисбат ба Тадқиқоти фавти модарон дар соли 2010 дар Афғонистон гузаронидашуда (55 ба 1000 зиндатаваллудшуда), ТТД Озарбойҷон дар соли 2006 (43 ба 1000 зиндатаваллудшуда) ва ТТД дар Покистон дар солҳои 2006-2007 гузаронидашуда (78 ба 1000 зиндатаваллудшуда) нисбатан беҳтар мебошад.

Аз рӯи маълумотҳои ТТДТ 2012 Коэффитсиенти таваллуд дар маҷмӯъ дар давоми давраи се соли пеш аз тадқиқот 3,8 кӯдак ба як занро ташкил дод. КМТ дар миёни занони деҳот 3.9 кӯдак ба як зан ва дар миёни занони шаҳр 3,3 кӯдак ба як занро ташкил дод.
Нишондиҳандаҳои таваллудро дар ТТДТ 2012 метавонем бо натиҷаҳои нишондиҳандаҳои тадқиқотҳои охири ТТД гузаронидаи кишварҳои ҳамсоя муқоиса намоем. КМТ (3,8 кӯдак ба як зан) дар Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои аз Тадқиқоти фавти модарони дар соли 2010 дар Афғонистон гузаронидашуда (5,1 кӯдак) ва ТТД дар соли 2006 дар Покистон гузаронидашуда (4,1 кӯдак) нисбатан пасттар мебошад, лекин ин нишондиҳанда нисбат ба дигар тадқиқотҳои ТТД гузаронидашуда дар Озарбойҷон дар соли 2006 (2,0 кӯдак) ва дар Арманистон дар соли 2010 (1,7 кӯдак), баландтар мебошад.

Фоизи занҳое, ки ҳангоми таваллуди кӯдак кӯмаки кормандони баландихтисоси тиббиро гирифтаанд дар Тоҷикистон 87 фоиз ва занҳое, ки дар муассисаҳои тандурустӣ кӯдак таваллуд кардаан 77 фоиз, ҳамон тавре, ки ТТД Озарбойҷон дар соли 2006 (мутаносибан 89 ва 78 фоиз) ташкил дод. Мувофиқи маълумотҳои ТТД Арманистон дар соли 2010, фарогирии кӯмакрасонии занон ҳангоми таваллудкунии кӯдак аз тарафи мутахассисони баландихтисоси тиббӣ 100 фоиз, ҳамчунин таваллудкунӣ дар муассисаҳои тандурустӣ 99 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаҳо Тоҷикистон баландтар аст.

Фоизи аҳолии бо манбаи беҳтаркардашудаи оби нӯшокӣ таъмин аз 57 фоизи соли 2000 –ум то 76 фоиз дар соли 2012 зиёд шудааст. Доштани телефони мобилӣ аз 11 фоизи соли 2005 ба 93 фоиз дар соли 2012 афзудааст. Агар дар соли 2005 ҳамагӣ 1 фоизи аҳолӣ компютерӣ шахсӣ дошта буданд пас дар соли 2012 ин нишондиҳанда ба 12 фоиз расидааст. Аз рӯи нишондиҳандаҳои ТТДТ 2012 шумораи хонаводаҳое, ки мошини сабукрав ва ё боркаш доштанд дар муқоиса нисбат ба соли 2005 – қариб ду маротиба зиёд шудааст. Агар дар соли 2005 ҳамагӣ 17 фоизи хонаводаҳо дар Тоҷикистон мошини сабукрав ва ё боркаш дошта буданд пас дар соли 2012 ин нишондиҳанда ба 31 фоиз расидааст.

Тадқиқоти умумимиллӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, тавассути Aгентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст.

Ҳадафи аслии ТТД ҷамъ кардани иттилоот оид ба саломатии модару кӯдак, зуроварӣ дар оила, бохабар будани аҳолӣ аз бемориҳои ВНМО/СПИД ва сил иборат аст. Тадқиқоти мазкур 6,432 хонаводаро дар бар гирифта, бо 9,656 занҳои синни 15-49 мусоҳиба анҷом дода шуд.

 

Другие новости