Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

05.01.2013
Маҷмӯаи "Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз чоп баромад

Дар маҷмӯаи омории «Сохтмон дар Тоҷикистон», падида ва ҷараёнҳое, ки дар фаъолияти сармоягузорӣ ва шароитҳои гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба амал меоянд, маводҳо инъикос ёфтаанд. Маводҳое пешниҳод шудаанд, ки дараҷа ва сохтори сармоягузориро ба сармояи асосӣ инвеститсия ба дороҳои ғайримолиявӣ, сармоя ба сармояи асосӣ, дараҷаи фондҳои асосӣ ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва объектҳои бахши иҷтимоиро тавсиф мекунанд.


Дар маҷмӯа ҷои бештар барои нишондиҳандаҳое ҷудо карда шудааст, ки вазъи маҷмӯи сохтмонро тавсиф менамояд: ҳаҷми корҳои пудратӣ ва сохтмон, меҳнат ва нарх дар сохмон, истеҳсоли намудҳои муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ барои сохтмон.


Дар маҷмӯа маълумотҳои муқоисавии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳои ИДМ низ пешниҳод карда шудаанд.
 

Другие новости