Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.11.2013
25 октябри соли 2013 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба «Рушди минбаъдаи омори гендерӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид

Мақсади асосии Мизи мудаввар аз баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои рушди ташаккул, паҳнкунӣ ва истифодаи омори гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарият ва мутахассисони Агентии омор, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ширкат доштанд.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Агентии омор – Норов Қ.Д. , менеҷери лоиҳа - Ҳакимов Х., ва мушовири Бонки Осиёии рушд – Холова Х., баромад намуда, қайд карданд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки молиявии Бонки Осиёии Рушд лоиҳаеро татбиқ намуда истодааст, ки ба устувор намудани малакаи Агентӣ дар ҷодаи омори гендерӣ равона карда шудааст.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи Минтақавии БОР «Мусоидат ба рушди гендер дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ – Осиёи Шарқӣ ва Ғарбӣ» татбиқ мешавад. Бо ин мақсад Бонки Осиёии Рушд ташаббусро оид ба дастгирии техникӣ оид ба беҳтар намудани ташаккул ва истифодаи омори гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки қисмати ташаббуси глобалӣ, ба мисли Ташаббуси Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои мамлакатҳои Осиёи Миёна (UNESCAP) EDGE (Далелҳо ва маълумотҳо барои баробарии гендерӣ), рӯзномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то соли 2015 оид ба таъмини ташаккули маълумотҳои омори гендерӣ ва истифодаи онҳо дар ҳамаи давлатҳо ва мусоидати минтақавии техникӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи омории баробарии гендерӣ ва интегратсияи иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд (БОР) мебошад.

Бо мавзӯи «Омори гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳакимов Х. дар бораи лоиҳа, механизмҳои татбиқи он, мафҳумҳои омори гендерӣ, муҳимият, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба омори гендерӣ, маркетинг ва дигар масъалаҳо иттилоот пешниҳод намуд.
Дар маърӯза оид ба лоиҳаи нахустини сиёсати Агентии омор оид ба беҳтар намудани ташаккули омори гендерӣ, пешрафт ва истифодаи он, Будникова Е.В. дар бораи раванди таҳияи барномаи омори гендерӣ, ки дар худ: рушд ва дастгирии мутақобилаи истифодабарандагон ва ташаккулдиҳандагони омори гендерӣ баҳри қаноатманд гардонидани талаботи истифодабарандагон; васеъ намудани сарчашмаҳои мавҷудбудаи маълумотҳои оморӣ ба роҳи фарогирии ҷабҳаҳои иттилооти гендерии муқоисашаванда; таҳияи усулҳои нави ҷамъоварии иттилоот барои омори гендерии муқоисашаванда; такмили методологияи ҷорӣ ва мафҳумҳо баҳри баланд бардоштани муқоисашавандагии гендерӣ; якҷоя намудани маълумотҳо аз сарчашмаҳои гуногун барои ташаккули «портрет»-и гендерии мамлакат, таҳияи нақшаҳои маркетингӣ барои пешниҳоди маводҳои омори гендериро дар бар мегирад.

Афзалиятҳои асосӣ оид ба ҷамъоварии маълумотҳо дар доираи барнома из инҳо иборат мебошанд: гузаронидани тадқиқоти истифодаи буҷети корӣ; беҳтар намудани сифати маълумотҳои Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо (саволномаи якҷоякардашуда); таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар доираи барнома оид ба омори гендерӣ.

Дар рафти баррасии маърӯзаҳо иштирокчиён дар бораи устувории барнома масъалагузорӣ намуданд ва чунин посух дода шуд, ки дастгирии барнома аз ҳисоби барномаи миллии рушди соҳаи омор барои солҳои 2014-2018, ки дар он он афзалият ба такмили маълумотҳои омори иҷтимоӣ, бахусус барои ҷамъоварӣ ва таҳияи маълумотҳои омори гендерӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дода мешавад, таъмин мегардад.

Аз рӯи сохтор ва мундариҷаи саҳифаи сомонавии Агентии омор маърӯза дар бораи хазинаи маълумотҳо аз ҷониби Гукасова Т.П. пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки лоиҳаи саҳифаи сомонавии омори гендерии Агентӣ таҳия гардида, пешниҳодҳо барои мундариҷаи он манзур гардиданд, ҳамчунин лоиҳаи санҷишии саҳифа дар сомонаи Агентӣ ҷой дода шуд. Иттилоот дар бораи сохтор ва мундариҷаи хазинаи маълумотҳои омори гендерӣ пешниҳод карда шуд. Ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, ки фикру ақидаҳояшонро иброз намоянд ва баъдан хазинаи маълумотҳо коркард ва дар ҳаҷми пурра дар сомонаи Агентӣ ҷой дода мешавад.
 

Ҳамчунин иштирокчиён манфиат доштани худро ҷиҳати дар оянда пайдо намудани дастрасӣ ба маълумотҳои омори гендерӣ ва такмили минбаъда дар пешниҳод ва ҷой додани маълумотҳо дар сомонаи Агентии омор пешниҳод намуданд.

Раҷабов Комил, коршинос оид ба компютерҳои Лоиҳа пешниҳод намуд, ки бояд барномаи махсус барои истифодаи хазинаи маълумотҳо ҷиҳати тартиб додани графикҳо ва диаграммаҳо, ҳамчунин истифодаи ҳисобкунаки истифодабарандагони саҳифаи сомонавии омори гендерӣ таҳия карда шавад.

Сипас баррасии ҳамаи маърӯзаҳои пешниҳодгардида сурат гирифт ва иштирокчиён якдилона иброз доштанд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар ҳалли бисёр масъалаҳои ташаккул, паҳкунӣ ва истифодаи омори гендериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 

Другие новости