Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.10.2013
22 октябри соли 2013 дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар 9 моҳи соли 2013 ҷаласаи мушовараи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

 Ҷаласаи мушовараро Директори Агентии омор Муҳаммадиева Б.З. ифтитоҳ намуд.
Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Ш.Ш., дар бораи ҷамъбаст ва вазифаҳои мақомоти омори давлатӣ дар давраи 9 моҳи соли 2013 гузориш дод. Дар гузориш қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳуриро оид ба корҳои оморӣ ва нақшаи чорабиниҳоро дар 9 моҳи соли 2013, вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Ҳамагӣ 7277 ҳисоботи омориро пешниҳод кард, ки ин 100 фоизи иҷрои нақшаи корҳои омориро дар 9 моҳи соли ҷорӣ ташкил медиҳад.

Дар нӯҳ моҳи соли 2013-ум 96 Қарору 202 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 759 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тасдиқи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2014» ва лоиҳаи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2014» - ро таҳия намуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа кард ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Дар нӯҳ моҳи соли 2013-ум 11 маҷмӯа оид ба омори кишоварзӣ, 2 маҷмӯа оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ, Тоҷикистон дар рақамҳо, маҷмӯа оид ба маориф, таъминоти моддӣ-техникии Тоҷикистон, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2013; ҳисоботи пешакӣ оид ба Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2012, молияи Тоҷикистон, нарх, кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои асосии тадқиқоти буҷети хонаводаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тандурустӣ, сохтмон, саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра тайёр карда шуданд.

Дар давраи сипаришуда 157 буллетен, 29 маълумот, 119 иттилооти фаврӣ, 68 гузориш пешниҳод карда шуд. Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки ба меъёрҳои байналхалқии таснифот мувофиқат мекунад, тартиб дода шуд.

Яке аз масъалаҳои маркази гузориш ба масъалаҳои муҳокимаи барӯйхатгирии кишоварзӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии таъҷилӣ дар ноҳияҳои мушкилгузар буд.

Аз ҷумла, муовини Директори Агентии омор Норов Қ. Д., қайд намуд, мутобиқи нақшаҳои ташкилии мақомоти омори маҳаллӣ ба барӯйхатгирӣ 1062 ҳазор хонаводаҳо фаро гирифта мешаванд. Бо ин мақсад 121 шӯъбаи барӯйхатгирӣ, 471 қитъаи дастурдиҳӣ ва 2526 қитъаи баҳисобгирӣ таъсис дода мешавад, ки то имрӯз шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ ва қитъаҳои дастурдиҳӣ таъсис ва бо маводҳои зарурӣ таъмин шудаанд. Умуман барои гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ зиёда аз 3,2 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ ҷалб карда мешаванд.

Бо назардошти он ки дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ дар фасли зимистон рафту омад маҳдуд мешавад, дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ВМКБ, ноҳияҳои Балҷувон, Шӯробод, Мӯминобод, Ховалинги вилояти Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнии вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара, Нуробод, Рашт ва шаҳри Роғун, қисмати кӯҳистони ноҳияҳои Ғончӣ ва шаҳрҳои Панҷакент ва Қайроққуми вилояти Суғд, мавзеи Зиддии ноҳияи Варзоб ва ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор барӯйхатгирии кишоварзӣ дар 139 ҳазор хонавода аз 15 сентябр то 15 октябри соли 2013 гузаронида шуд.

Дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллии омор ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои Агентии омори вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуданд.
Бо мақсади пурра ва босифат иҷро намудани барномаи корҳои оморӣ, корҳои омода кардашуда оид ба барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ – техникии мақомоти маҳаллии омор ва дигар масъалаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд ва қарорҳои дахлдолри ҳайати мушовара қабул карда шуданд.


 

Другие новости