Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

28.10.2013
Ҷаласаи Шӯрои омории байниидоравӣ

 24 октябри соли 2013 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои омории байниидоравӣ доир шуд.

Дар Шӯрои мазкур лоиҳаи нақшаи чорабинӣ оид ба татбиқи тавсияҳои Арзёбии Глобалии низоми миллии омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Гузаронидани арзёбӣ бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2011 пешниҳод шуда буд ва барои аввал дар соли 2012 тавассути коршиносони Комиссияи Аврупоии Иқтисодии СММ, Омори Аврупо ва Созмони Аврупоии Савдои Озод (САСО) гузаронида шуда буд. Қайд карда шуда буд, ки омори расмӣ барои раванди ташаккули сиёсат дар ҷомеаи муосир аҳамияти муҳим ва барои омӯзиши таъсири сиёсат аҳамаияти ҳаёти дорад ва барои фаҳмидани муҳити ҷомеаи мо унсури ҳалкунанда мебошад.

Муқоисапазирии маълумотҳои оморӣ дар байни мамлакатҳо ва минтақаҳо дар шароити глобалишавии ҷаҳон заруранд:
Арзёбии глобалӣ ин барои сохтмони низоми устувори оморӣ асбобе мебошад, ки ба дархостҳои истифодабарандаҳо бо усули самаранок ва таъсирбахш ҷавоб медиҳад. Мақсади Арзёбии Глобалӣ аз он иборат буд, ки дар бораи вазъияти рушди омори расмӣ дар мамлакат тасаввуроти аниқ таъмин карда шавад.

Аз рӯи ҳисобот оид ба Арзёбии Глобалӣ баъзе тавсияҳо кайҳо ба амал бароварда шудаанд ва нақшаи чорабинӣ оид ба татбиқи пурраи тавсияҳо якҷоя бо вазорату идораҳое, ки оморро тавлид менамоянду аз қариб 200 масъала дар солҳои 2013-2020 иборатанд, тартиб дода шудааст.

Дар рафти муҳокимаи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Арзёбии Глобалӣ маъқул дониста шуд ва қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи он ба вазорату идораҳо пешниҳод карда шавад.

Масъалаи минбаъда барӯихатгирии кишоварзӣ буд. Ба аъзоёни Шӯро дар бораи корҳои иҷрошуда оид ба омодагӣ барӯихатгирии дар пешистодаи кишоварзӣ, ки аввалин маротиба дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябр то 15 декабри соли 2013 гузаронида мешавад, иттилоот пешниҳод карда шуд.

Дар хотима аз тарафи аъзоёни Шӯро протокол имзо карда шуд ва қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи ояндаи Шӯро дар даҳаи сеюми декабри соли 2013 гузаронида шавад.
 

Другие новости