Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.10.2013
27 сентябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мувофиқаи нишондиҳандаҳои хазинаи нави маълумотҳои «Тоҷикинфо» семинар доир гардид

 Семинар бо якҷоягии мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур мутахассисони вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, мутахассисони Агентии омор ва Маркази кулли ҳисоббарории Агентии омор иштирок карданд.

Дар мулоқоти мазкур ҷиҳати фаҳмонда додани ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди мақомоти омор гузошта шудаанд, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиева Б.З., ва мутахассис оид ба омӯзиш ва арзёбӣ аз ЮНИСЕФ Ибодова Шукуфа баромад карда, қайд намуданд, ки дар беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти босифати саривақтӣ ва тақвият бахшидани иқтидори омори миллӣ дар пайгирӣ, таҳлил, паҳн намудан ва ҳисоботи оморӣ нисбат ба тараққиёти комёбиҳои нишондиҳандаҳои миллии рушди иқтидори инсонӣ, аз қабили Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ), Стратегияи беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолӣ барои тақвият бахшидани сиёсат, ки ба далелу исботҳо дар Тоҷикистон асоснок карда шудаанд, эътирофоти зарурӣ вуҷуд доранд.

Девинфо таъмини барномавие мебошад, ки барои дастгирӣ ва ҳисобот оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ), аз тарафи гуруҳи рушди СММ тавсия дода шудааст. Вай ҳамчунин метавонад, барои таъқибу пайгирии нишондиҳандаҳои миллӣ истифода шавад ва ба талаботи низоми хазинаи маълумотҳое, ки метавонанд, маълумотҳои бахшҳои гуногунро фаро гиранд ва метавонанд хазинаи маълумотҳои зиёдеро оид ба рушди иқтидори инсонӣ дар сатҳи миллӣ ва аз нав муттамарказонӣ муттаҳид намоянд.

Таҷриба ва сабақҳои ба даст даровардаро ба эътибор гирифта, зарурате мавҷуд аст, ки низоми хазинаи маълумотҳои Тоҷикинфо бо таъкид кардан барои устуворӣ ва ҳамдигарирро пурра намудани вай дар асоси низоми мавҷудаи рушдкунанда дастгирӣ карда шавад.

Агентии омор дар бораи барномаи Девинфо ва рафти рушди вай дар Тоҷикистон намоиш пешниҳод кард. Имконияти истифодабарии хазинаи маълумотҳои мавҷуда барои истифодабарандаҳо, аз қабили тартиб додани ҷадвалҳо, графикҳо ва харитаҳоро барои дохил намудан ба ҳисобот ва намоишдиҳӣ пешниҳод карда шудаанд.

Айни замон зарурати таъсиси хазинаи умумии маълумотҳо оид ба нишондиҳандаҳои охирин пухта расидааст ва барои муҳокима рӯйхати пешакии нишондиҳандаҳо оид ба аҳолӣ, демография, тандурустӣ, маориф, хӯрок, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, нишондиҳандаҳои буҷетӣ ва ғайраҳо пешниҳод гардид. Оид ба номнависи мазкури нишондиҳандаҳо, иштироккунандаҳои семинар фикру андеша, мулоҳиза, хулосаҳои худро иброз намуданд, пешниҳод карда шуд, ки оид ба беҳтар намудан ва пурра кардани номнависи нишондиҳандаҳое, ки дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва оморӣ иҷтимоиётро фаро мегиранд, корҳои самаранок ба сомон расонда шаванд.

Иштирокчиёни семинар инчунин ба масъалаи беҳтар ба роҳ мондани ҳамоҳангӣ ва роҳ надодан ба такроршавӣ – нусхабардорӣ дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва ҷо ба ҷо кардани маълумотҳо дар чорчӯбаи лоиҳаҳои гуногун дахолат карданд.
Бо назардошти мулоҳизаҳо номнависи мазкур дар мулоқоти оянда бо омӯзиш барои истифодабарандаҳои барномаи Девинфо аз нав кор карда, баррасӣ мешавад.
 

Другие новости