Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

18.09.2013
Муҳокимаи лоиҳаи Ҳисоботи асосии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографӣ дар Тоҷикистон

16 сентябри соли 2013 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи Мудаввар гузаронида шуд, дар он лоиҳаи Ҳисоботи Асосии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон (ТТДТ - 2012), муаррифӣ карда шуд. 

Дар Мизи Мудаввар иштирок намуданд: Директори Агентии омори назди резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиева Б.З., Роҳбари минтақавӣ барои кишварҳои Аврупо ва Авруосиё – хонум Гульнара Семёнова, намояндаи Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмиллалӣ (USAID) - Махкамбаева Малика, намояндагони Вазоратҳои тандурустӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Донишкадаи Илмӣ-Тадқиқотии Меҳнат, КВД «Хоҷагии манзилию-коммуналӣ», ҳамчунин мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ миннатдории бепоён ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷониба дар гузаронидани тадқиқоти мазкур; ба Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), барои расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ; ба Намояндагии Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон барои маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи мазкур; ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмакҳои машваратӣ ва омӯзонидани кормандони Агентии омор, ба ҳамаи иштирокчиёни тадқиқоти мазкур аз ҳисоби кормандони Агентии омор ва Маркази Куллӣ-Ҳисоббарории Агентӣ барои меҳнати софдилона ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани тадқиқоти мазкур, баён намуд.


Директори Агентии омор қайд намуданд, ки бо сарфарозии бепоён лоиҳаи Ҳисоботи Асосии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2012 (ТТДТ-2012) барои истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ, пешниҳод менамоем. Ҳамчунин қайд намуданд, ки Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии дар Тоҷикистон аввалин маротиба гузаронида шуд, ва натиҷаҳои тадқиқоти мазкур аз тарафи Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва ҳамчунин ташкилотҳои хориҷӣ барои таҳияи стратегияҳои нави миллӣ оид ба баландбардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, барои беҳтар намудани хизматрасонӣ дар низоми тандурустӣ, паст кардани фавти модарон ва кӯдакон, паст кардани паҳншавии ВНМО ( ВИЧ/СПИД) ва дигар бемориҳои гузаранда истифода бурда мешавад.

Роҳбари минтақавӣ барои кишварҳои Аврупо ва Авруосиё – хонум Гульнара Семёнова, лоиҳаи Ҳисоботи Асосии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2012 муаррифи намуда, дар баромади худ қайд намуданд, ки барномаи ТТД бо мақсади гирифтани маълумотҳои объективӣ дар сатҳи умумиллӣ ва минтақаҳо оид ба таваллуд, истифодабарии усулҳои пешгирии ҳомиладорӣ, солимии модару кӯдак, фавти кӯдакон ва навзодон, зуроварӣ дар оила нисбат ба занон, ҳамчунин бохабар будан дар муносибат бо бемории сил, дигар бемориҳои гузаранда бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, гузаронида мешавад. Ҳамчунин қайд намуданд, ки қариб 300 Тадқиқоти Тиббӣ-Демографӣ дар 89 кишварҳои ҷаҳон гузаронида шудааст аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ дар: Озарбойҷон, Арманистон, Молдове, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон стане и Кыргызстане чунин тадқиқотҳо гузаронида шудааст.
Натиҷаҳои Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2012 дар муқоиса ба дигар тадқиқотҳои дар Тоҷикистон гузаронида шуда, нишон дод, ки дар солҳои охир тағйиротҳои назаррас дар нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, мушоҳида карда мешавад.

 

Другие новости