Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

06.09.2013
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад иқтидори худро дар соҳаи рушди омори гендерӣ тақвият бахшад.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии моливии Бонки Осиёии Рушд ба татбиқи лоиҳае, ки ба мустаҳкам намудани итқидори Агентии омор дар соҳаи омори гендерӣ равона карда шудааст, оғоз кард.

Лоиҳаи мазкур дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии Бонки Осиёии Рушд «Мусоидати гендерӣ – инклюзивии рушд ба мамлакатҳо – иштирокчиёни Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ» татбиқ карда мешавад. Иҷрокунандаи бевоситаи лоиҳа Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Фонди паст кардани сатҳи камбизоатӣ», ки дар асоси қарордод намояндагии онро аз номи Бонки Осиёии Рушд иҷро менамояд, мебошад.

Дар чорчӯбаи татбиқи лоиҳаи мазкур таҳияи лоиҳаи сиёсати ташкилӣ аз тарафи Агентии омор, тақвият бахшидани итқидорҳои асосии мутахассисони Агентии омор, оид ба масъалаҳои такмил додани маълумотҳои гендерӣ, таҳлили онҳо ва малакаи паҳн намудан, таҳияи гендери васеи нав-веб саҳифаҳо, ки дар худ хазинаи маълумотҳо ва дигар чорабиниҳои мусоидаткунандаи рушди омори гендериро дар мамлакат дар бар мегиранд, ба нақша гирифта шудааст.
 

Другие новости