Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

03.09.2013
30 августи соли 2013 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои лоиҳаи «Гендер ва идораи демократӣ дар рушд – пешниҳоди хизматрасониҳои заминавӣ ба занон» оид ба омор

Ҳадафи лоиҳа иборат буд аз: «Такмил додани нишондиҳандаҳои ҳисоботи оморӣ оид ба нишондиҳандаҳои гендерӣ-ҳассосӣ, ки дастрасиро ба кӯмакҳои кафолатдиҳандаи давлатиро дар суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифз инъикос менамоянд»
Мизи мудаввар бо иштироки мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои омори иҷтимоӣ машғуланд, гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур мутахассисони хадамоти нозир дар бахши меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират; суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа; хадамоти давлатии ташхиши тиббию иҷтимоӣ, раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндаи созмони байналхалқии Созмони Милали Муттаҳид «СММ Занон», Созмони кушодаи «Занон бо таҳсилоти олӣ» ЮНИСЭФ, Бонки Рушди Осиё ва дигарҳо ҳузур доштанд.

Дар мулоқоти мазкур, ҷиҳати фаҳмонда додани ҳадаф ва вазифаҳое, ки дар назди мақомоти омор дар соҳаи сиёсати гендерӣ гузошташудаанд, муовини Директори Агентии омор Норов Қ.Д., аз «СММ Занон» Мирзоева В., аз созмони кушодаи «Занҳо бо таҳсилоти олӣ» Бобосодиқова Г., баромад карданд.

Аз тарафи мутахассисони Агентии омор намоиши модули омӯзишӣ оид ба омори гендерӣ-ҳассосӣ дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар бораи ҷамъоварӣ ва сифати маълумотҳо, таҳлили минбаъда пешниҳод карда шуд, инчунин тавсияҳо ва таклифҳо оид ба ҷорӣ намудани нишондиҳандаҳои гендерӣ дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва истеҳсоли маълумотҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентиҳои он пешниҳод карда шуданд.

Оид ба иҷрои тавсияҳо ва таклифҳо дар бораи такмил додани маълумотҳои самти гендерӣ таклифҳо пешниҳод ва барасӣ шуданд. Самти асосӣ ба омӯзиши мунтазами соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шудааст, ин мавзӯъ барои таҳияи тадбирҳои самарабахши сиёсӣ ва арзёбии таъсири онҳо ба гуруҳҳои осебпазир хеле муҳиманд.

Дар бораи зарурати таъсиси низоми идораи иттилоотӣ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (ба шакли низомҳои раёсати иттилоотӣ дар низомҳои тандурустӣ ва маориф) фикру андешаҳо баён карда шуданд, дар намуди ҷадвалҳои таҳлилӣ, ки иттилооти муҳимро барои доираи васеи истифодабарандагон дар бар мегиранд, иттилооти таҳлилии омодакардашуда намоиш дода шуданд.

Иштирокунандагони мизи мудаввар тафсирот, шарҳ ва таклифҳои худро оид ба беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти мутахассисоне, ки барои ҷамъоварии маълумотоҳои омории гендерӣ машғуланд ё масъуланд ва оиди аз нав дида баромадани шаклҳои мавҷудаи ҳисобот бо назардошти омилҳои гендерӣ, пешниҳоди ҳисоботи электронӣ, инчунин хориҷ намудани нишондиҳандаҳои ҳаммонанди такроршавандаро пешниҳод намуданд.

 

Другие новости