Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

05.09.2013
Бо Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2013, № 1498 як гурӯҳ кормандони Агентии омори назди Президенти Чумҳурии Точикистон барои хизмати дарозмуддати пурмаҳсул дар соҳаи иқтисодиёти 

  Аз ҷумла муовини сардори Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт, алоқа, ҳифзи муҳити зист ва хизматрасонии аҳолии муассисаи давлатии «Маркази кулли хисоббарорӣ»-и Агенти Аҳмадова Фотима Миноваровна, сардори Раёсати омори кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, молия ва меҳнати Сарраёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон Боймаҳмадов Маҳмадюсуф Убайдуллоевич, сармутахассиси ҷамъбасту таҳлили иқтисодии Сарраёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шоҷамолов Шоҷамол Шомамутович бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуданд.

Дар Агентӣ 2 сентябри соли 2013 маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамралиев Ф. М. иштирок дошт ва қадрдонӣ гардидани Аҳмадова Ф. М.-ро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мукофоти баланд табрик намуда, онро ба ӯ супорид.

Инчунин дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ки 4 сентябри соли 2013 баргузор гардид, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймаҳмадов М. У. бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонда шуд.

Мукофот ба Шоҷамолов Ш. Ш. дар ш. Хоруғ аз тарафи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

Роҳбарият ва коллективи меҳнатии Агентӣ мукофо-тонидашудагонро бо чунин мукофотҳои арзанда табрику таҳният намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои нав ба нав орзуманд мебошад.


 

Другие новости