Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

14.08.2013
Вохӯрӣ бо истифодабарандагони маълумоти оморӣ дар мавзӯи: «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010»

 13 августи соли 2013 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи Нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки як қатор намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум дар мавзӯи «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010» гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Хазинаи нуфуси СММ, аз ҷумла директори минтақавӣ (Вернер Хауг) ва директори кишварӣ (Карл Кулеса), намояндагони Хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.

Вохӯриро Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. кушода, иштирокчиёни вохӯриро хайрамақдам гуфт. Вай дар баромади худ корҳои гузаронидашудаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро ҷамъбаст намуда, оид ба натиҷаҳои ҷамъбастгардида дар тараққиёти ояндаи давлат баҳогузорӣ намуд. Инчунин Директор кӯтоҳ дар бораи нашри ҷамъбасти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маълумот дода, дар оянда оид ба таҳлил ва истифодабарии маълумотҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тавсия дод.
Дар навбати худ, Варнер Хауг – директори минтақавии ҳазинаи нуфуси СММ оид ба зарурат ва моҳияти баргузории барӯйхатгириҳои аҳолӣ ва аҳамияти иҷтимоӣ - иқтисодии натиҷаҳои чунин тадқиқоти калонҳаҷми оморӣ, мисли барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, сухан кард.

Ба диққати иштирокчиён аз тарафи сардори раёсати Агентӣ Исмоилова З. презентатсияҳо дар мавзӯи: «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» ва «Методологияи баргузорӣ ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010», ки дар онҳо таҳлили нишондиҳандаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва барӯйхатгирии фонди манзил, муқоиса бо натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум оварда шудааст, пешкаш карда шуд.

Инчунин аз тарафи Мирпоччоев Ф. презентатсия дар мавзӯи: «Паҳнкунии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 тавассути барномаи Censusinfo» пешниҳод карда шуд; ҷараёни истифодабарии ин барнома дар мисолҳои мушаххас нишон дода шуд.
Дар охир саволҳо оид ба нишондиҳандаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 дода шуданд, ки мавриди баҳс қарор гирифт. Ба ҳамаи саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

 

 

Другие новости