Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

31.07.2013
Ҷаласаи 1-уми намояндагии INOGATE оид ба дастгирии техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Нақшаи амали қабулшуда оид ба омори энергетикӣ

Аз 29.07.2013 то 2.08.2013 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми намояндагии INOGATE оид ба дастгирии техникӣ ба Ҷумҳурии Точикистон барои татбиқи Нақшаи амали қабулшуда оид ба омори энергетикӣ котиботи техникии INOGATE бо сарварии коршиноси асосии котиботи техникии INOGATE хонума Глория Агинальдо гузаронида шуд.

Ҷаласаи техникӣ дар худ хулосаи назариявии меъёрҳои аврупоӣ ва байналхалқиро оид ба омори энергетикӣ, таҳия ва коркарди низомҳои ҳисобдиҳӣ, ки ба стандартҳои байналхалқӣ асоснок карда шудаанд, тартиб додани тарозҳои (балансҳои) энергетикӣ, маҳимияти муқоисапазирии маълумотҳои мӯътамад оид ба омори энергетикӣ барои сиёсати миллӣ дар бар мегирад.

Ҳадафи асосии ҷаласа баланд бардоштани сатҳи касбию тахассусии кормандони Агентии омор дар ҷамъоварӣ, коркард, ҳифзу нигоҳдорӣ ва паҳн намудани омори энергетикӣ, тарозҳо (баланс) ва мутобиқсозии ба меъёрҳои аврупоӣ ва байналхалқӣ буд.

Барномаи INOGATE ҳамкориро дар бахши энергетикӣ байни Иттиҳоди Аврупоӣ ва мамлакатҳо – шарикони INOGATE дастгирӣ менамояд. Барномаи INOGATE ҳамаи сатҳои афзалиятноки харитаҳои роҳҳои энергетикиро мепӯшонад ва ба мамлактҳои – шарикон пешниҳод менамояд, ки беҳтар шудани ҳамкории энергетикиро дастгирӣ намоянд.



 

Другие новости