Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.07.2013
Оид ба ҷамъбасти дар нимсолаи якуми соли 2013 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид

25-уми июли соли ҷорӣ дар талори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва намояндагони ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зиёда аз 12 рӯзнома, маҷалла, радио ва телевизион аз он ҷумла: рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Азия плюс», АМИТ «Ховар», телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Радиои Тоҷикистон», «Радиои Озодӣ», ва дигарон иштирок карданд.

Дар конфронси матбуотӣ ба рӯзноманигорои дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2013 ва дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013 буклети нишондиҳандаҳои фаврӣ пешниҳод карда шуд.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2013, оид ба Арзёбии глобалии низоми миллии омори расмии ҷумҳурӣ, ки дар соли 2012 аз аз тарафи коршиносони Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, Омори Аврупо ва созмони Аврупоии Савдои озод (САСО) гузаронида шуда буд, суханронӣ намуд. Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовинони Директори Агентӣ Шокиров Ш.Ш., Асоев А.Р. ва Норов Қ.Д. иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар конфронси матбуотӣ натиҷаҳои корҳоя якҷояи Агентии омор ва ташкилоти озӯқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар чорчӯбаи лоиҳае, ки Иттиҳоди Аврупоӣ маблағгузорӣ менамояд, гузориши онро ҷаноби Томас Лонш – намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, менеҷери миллии лоиҳа оид ба мусоидати ФАО ҷаноби Сангинов С. ва коршиноси байналхалқии ФАО ҷаноби Мамука Нодирашвилӣ пешниҳод намуданд, баррасӣ шуданд.

Қайд карда шуд, ки кор аз рӯи таҳияи гузориш аз тадқиқоти сар то сарӣ ба тадқиқоти интихобии хоҷагиҳои деҳқони анҷом дода шудааст. Сабаби гузоштан ба усули тадқиқоти интихобӣ иборат аз он аст, ки гузаронидани тадқиқоти сар то сари хоҷагиҳои деҳқонӣ имконнопазир гардид, зеро то имрӯз дар ҷумҳурӣ наздики 110 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тавасути лоиҳа, якҷоя ба Агентии омор хазинаи электронии маълумотҳо барои 60 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ тартиб дода шуда буд, дар асоси вай методологияи тадқиқоти интихобии хоҷагиҳои деҳқонӣ таҳия карда шудааст. Барои таъмини истифодаи методология барои 256 кормандони омор дар 50 ноҳияи ҷумҳурӣ курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Кори мазкур ҷиҳати ба даст даровардани иттилооти бештар мӯътамад дар бораи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат равона карда шуда буд.

Ғайр аз ин, ҷамъоварии иттилоотро дар бораи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии хонаводаҳо кормандони омори Ҷамоатҳо пеш мебаранд, ва барои тақвияти имконоти техникии кормандони омори Ҷамоатҳо, 100 ноутбуки лоиҳаро тақсим кард.
Ҳамчунин лоиҳа омӯзиши асосҳои компютериро барои 150 корманди омори Ҷамоатҳо ташкил намуд. То охири сол таъмини дастрасии кормандонии омор ба интернет дар 100 Ҷамоат пешбинӣ шудааст, то сари вақт иттилооти ҷамъоваришуда ба мақомоти омори ноҳияҳо ирсол карда шавад.

Баъд аз ин баҳсу мунозира байни намояндагони воситаҳои ахбор ва кормандони Агентӣ тарзи саволу ҷавоб оғоз гардид.
Саволҳо умуман дар мавзӯҳои зерин буданд:
-дар бораи ҷудо намудани маблағ аз рӯи лоиҳаи ФАО, дар бораи ҷудо намудани хати интернет барои Ҷамоатҳои Деҳот;
-дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият;
-дар бораи шумораи бесаводон дар мамлақат аз рӯи натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ;
-дар бораи таввалуди кӯдакон ва фавт;
-дар бораи шумораи мусулмонҳо дар Тоҷикистон ва сохтори вай ва ғайраҳо.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.


 

Другие новости