Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.07.2013
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

 16. 07. с.2013. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2013 ва вазифаҳо дар соли 2013» бо иштироки сардорони роҳбарияти Агентӣ, раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», Сарраёсатҳои мақомоти омори вилоятҳо, ш.Душанбе, сардорони мақомоти омории НТҶ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки мақомоти омор фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамаи корҳои омории дар нимсолаи якуми соли 2013 ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард.
Дар давраи ҳисобот ба истифодабарандагон 17 маҷмӯа 106 буллетен, 47 гузориш, 19 маълумот, 82 иттилооти фаврӣ, пешниҳод карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2013 дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2012 ва семоҳаи якуми соли 2013 дар васоитаҳои ахбори омма ҷамъбасти мухтасар чоп карда шуд, инчунин бо рӯзноманигорону воқеанигорони хориҷию дохилӣ конфронси матбуотӣ гузаронда шуд, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ ва шаффофияти он дар вебсайти Агентӣ 34 пахши иттилоот бо се забон чоп карда шуданд ва хазинаи маълумотҳо нав карда шуд. Ғайр аз он бозҳисобкунии аҳолиро оид ба муайян намудани санаи таваллуди 8 миллионаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба анҷом расонид. Инчунин, иттилоот оид ба шумораи мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи нархҳои миёнаи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва ҳисобот оид ба Арзёбии глобалии низоми миллии омори расмии Ҷумҳурии ва конфронс, ки 7 марти соли 2013 презентатсияи хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳои арзёбии глобалии низоми миллии омори расмии Ҷумҳурӣ Тоҷикистон ва чорабиниҳои вобаста ба онҳо оид ба ҳамкории техникӣ доир гардид.

Дар рӯзи баромади ҳисоботи ниҳоӣ, Комиссияи Аврупоии Иқтисодӣ СММ натиҷаҳо ва тавсияҳои асосиро, ки дар рафти Арзёбии глобалӣ, аудиторияҳо, мақомоти давлатӣ, вазоратҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, Васоити ахбори омма ва дигар шахсони манфиатдорро дар ш.Душанбе гирифта шудаанд, пешниҳод намуд.
Гузаронидани арзёбӣ бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2011 мадди назар гирифта шуда буд ва аввалин маротиба дар соли 2012 аз тарафи коршиносони Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, Омори Аврупо ва созмони Аврупоии Савдои озод гузаронида шуда буд.
Мақсади ташриф аз арзёбии сатҳи мутобиқати низоми миллии омор ба стандартҳои байналмиллалӣ ва аврупоӣ, ҳамчунин принсипҳои фундаменталии омори расмӣ ва кодекси меъёрҳои омори аврупоӣ иборат буданд.
Танҳо барои Тоҷикистон, мактуби расмӣ, ки Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии СММ имзо карда буд, ба Президенти Ҷумҳурӣ фиристода шуда буд, ин барои он буд, ки дар бораи натиҷаҳои асосии арзёбӣ ба ӯ хабар дода шавад.
Дар ин мактуб қайд шудааст, ки дар солҳои охир Агентии омор ва дигар ташаккулдиҳандаҳои омори расмӣ дар мувофиқа ба амалияҳои миллӣ ва маҳсулоти оморӣ ба амалия ва меъёрҳои байналхалқии беҳтарин ба тараққиёти назаррас ноил гардидааст. Агентии омор дар ҳақиқат, амалан истеҳсолкунандаи омори расмӣ ва мақоми ҳамоҳангсози Низоми Миллии Омори Расмӣ мебошад. Бо вуҷуди ин ҳамон тавре, Агентии омор ба дастгирии иловагӣ (молиявӣ, инсонӣ ва техникӣ) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз шарикони байналхалқӣ эҳтиёҷ дорад ва барои такомулоти минбаъдаи омор дар соҳаи қонунгузорӣ ва заминаҳои таъсисотӣ (инстутсионалӣ) оид ба сохтори ташкилӣ ва тақсимоти меҳнат, беҳтар намудани идоракунӣ ва омӯзиши сифат, оид ба стратегияи алоқа, бозор ва равандҳои истеҳсолӣ тавсияҳо пешниҳод намуд.

Ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 августи соли 2011 ва 31 майи соли 2012, №291 оид ба барӯйхатгирии кишоварзӣ сари вақт омода намудани харитаҳои шаҳрӣ то ба имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин кор ба сомон расонида шудааст.
Кумитаи заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни заминро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омода намуда, ба Агентӣ пешниҳод намуд. Бо мақсади ба барӯйхатгирӣ пурра фаро гирифтани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, вобаста ба андозаи замини истифодабарандагон, дар маҳалҳо аниқкунии рӯйхатҳо ҳангоми қабули ҳисоботи шакли 4-кишоварзӣ оид ба кишти ниҳоӣ муайян карда шуд. Бахусус дар ин самт, муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ, фарҳанг, корхонаҳои саноатию нақлиётӣ, хизмати алоқа ва дигар муассисаҳо пурра бояд ба барӯйхатгирӣ фаро гирифта шаванд ва истифодаи заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо арзёбӣ шуданд.
Ба барӯйхатгирии кишоварзӣ ҳамҷунин муассисаҳои пӯшида, ки хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ доранд, низ фаро гирифта мешаванд. То ба имрӯз аз ҷониби Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯйхатҳо пешниҳод шудаанд.
Бо дарназардошти баргузории чорабинии сиёсӣ дар ҷумҳурӣ дар соли равон ва бо мақсади муайян намудани санаи барӯйхатгирии кишоварзӣ Агентӣ Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро омода намуд. Тибқи Лоиҳа гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 15 ноябр то 15 декабри соли 2013 ба нақша гирифта шудааст. Бо назардошти маҳдуд гаштани рафту омад дар фасли зимистон ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ гузаронидани барӯйхатгирӣ пеш аз мӯҳлати асосӣ, яъне аз 15 сентябр то 15 октябр дар ВМКБ, ноҳияҳои водии Рашт, Варзоб, ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд, ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Давраи глобалии муқоисакуниҳои байналмиллалии МУД ва баробарҳуқуқии қобилияти харидории асъор дар минтақаи ИДМ, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Корҳои асосӣ оид ба муқоисаи МУД дар соли 2011 ва пешниҳоди иттилоот оид ба молҳо-намояндаҳо (ҳамагӣ 2344 мол- намоянда) иҷро гардиданд, ҳамоҳангии умумии ин корҳо ба Кумитаи омори ИДМ ва омори Русия вогузор шудааст. Сохтори Маҳсулоти Умумии Дохилии ҷумҳурӣ аз рӯи таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (дар сатҳи 5-6 аломат) омода карда шуд. Дар семинари вобаста ба Барномаи муқосакунонии МУД –и соли 2011 иштирок дошта, пур кардани ҷадвалҳои пешниҳодшударо ба анҷом расонид. Дар айни замон кор аз руи пешниҳодҳои кумитаи омори ИДМ барои дохил кардани тағйиротҳо идома дорад.

Дар охири Ҷаласаи мушовара қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд ва ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии омор вазифаҳои мушаххас вогузор карда шуданд.


 

Другие новости