Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.04.2013
Ҷаласаи васеи мушовара Агентии омор

18. 04. с.2013. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2013 ва вазифаҳо дар соли 2013» бо иштироки сардорони роҳбарияти Агентӣ, раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ», Сарраёсатҳои мақомоти омори вилоятҳо, ш.Душанбе, сардорони мақомоти омории НТҶ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки мақомоти омор фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамаи корҳои омории дар семоҳаи якуми соли 2013 ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Ҳамагӣ 2859 ҳисоботи оморӣ пешниҳод гардид, ки ин 100 фоизи иҷрои нақшаи корҳои омориро дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ташкил медиҳад. Инчунин дар семоҳаи якуми соли 2013-ум 33 Қарору 74 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 236 мактуб аз вазорату идораҳо ворид шуданд, ки сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.

Дар самти омодагӣ ва иҷрои корҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд. Бо мақсади пурзӯр намудани рафти иҷрои корҳои тайёрии барӯйхатгирии кишоварзӣ ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2012 №291 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» дар Агентӣ аз ҳисоби мутахассисони таҷрибадор ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Саволномаҳои шакли 1-БК «Барӯйхатгирии кишоварзӣ» ва шакли 2-БК«Барӯйхатгирии кишоварзӣ» бо дастурамалҳояшон дар ҷаласаҳои ситод бо даъвати масъулон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида истодаанд. Лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2013 омода ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд.

Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҷорӣ намудани ҳисоботи омории электронӣ, ташкили ҳамкории мутақобилаи иттилооти байналхалқӣ, ҷалби маблағҳои шарикони рушд барои татбиқи Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2012-2016, хусусан гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар соли 2013, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ ва истифода аз методологияи муосири байналхалқӣ дар низоми омори миллӣ, татбиқ намудани тавсияҳои ҳисоботи арзёбии глобалиро ки аз ҷониби Омори Аврупо ба анҷом расонида шудааст, баррасӣ гардиданд.

Инчунин дар ҷаласаи васеи мушовараи Агентӣ ҳисоботи гурӯҳҳое, корӣ оид ба санҷиши фаъолият ва эътимоднокии маълумотҳои мақомоти маҳаллии омор, аз ҷумла Сарраёсати омори вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе шунида шуд.

Дар охири Ҷаласаи мушовара қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд ва ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии омор вазифаҳои мушаххас вогузор карда шуданд.
 

Другие новости