Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

10.04.2013
Муаррифии маълумотҳои натиҷаҳои пешакиии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон

 9 апрели соли 2013 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи Мудаввар гузаронида шуд, ки дар он маълумотҳои натиҷаҳои пешакии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон (ТТДТ 2012) муаррифӣ гардид.
Дар муаррифӣ иштирок намуданд: мудири шӯъбаи тандурустӣ, оид ба корҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна, Сафири Иёллоти Муттаҳидаи Америка хонум Сюзан Эллиот , Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Муҳаммадиева Бахтия Зиёдулловна, Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирова Саида Бобоевна, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмиллалӣ ва рузномагирони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиева Бахтия Зиёдулловна дар суханронии худ қайд намуд, ки бо сарфарозии зиёд натиҷаҳои пешакиии Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистонро, ки Агентии омор дар соли 2012 гузаронида буд, барои ҳамаи истифодабарандагони иттилооти оморӣ, пешниҳод менамояд. Дар навбати худ ҳамчун Роҳбари лоиҳаи мазкур миннатдории бепоёни худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба дар гузаронидани Тадқиқоти мазкур, ба Агентии Иёллоти Мутаҳидаи Америка оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) барои расонидани кӯмакҳои молиявӣ-техникӣ ва машваратӣ, ба Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA), ба роҳбарияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмакҳои машваратӣ дар ҷараёни корҳои омодагӣ ва ҳамчунин омӯзиши кормандони Агентии омор дар гузаронидани корҳои саҳроӣ баён намуд.

Ба ҳамаи коршиносони байналмиллалии Шӯъбаи Тадқиқоти Тиббӣ-Демографии Иёллоти Муттаҳидаи Америка, барои расонидани кӯмаки техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳои коркард ва гузаронидани тадқиқоти мазкур, ба ҳамаи кормандони системаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ва саҳми беандоза барои ба анҷом расонидани барномаи мазкур, ба мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои дастгирӣ ва кӯмак расонидан дар ҷараёни гузаронидани тадқиқот, изҳор намуд.

Мудири шӯъбаи тандурустӣ, оид ба корҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна дар баромади худ қайд намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ таъмини шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар мебошад, ки ин нуқта қариб дар ҳамаи баромадҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад. Аз ҳамин ҷиҳат дар доираи Стратегияи Миллии Рушд, бо дарназардошти афзалиятҳо беҳтар намудани сифати хизматрасонии системаи тандурустӣ, беҳбудии ҳифзи саломатии модару кӯдак; паст кардани фавти аҳолӣ, махсусан фавти модарон ва кӯдакон, паст кардани сатҳи паҳншавии ВИЧ/СПИД, кам кардани мубталоӣ ба бемориҳои сироятӣ ва нобудсозии сироятҳои асосии бо ваксина идорашаванда; беҳбудии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, яке аз мақсадҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Боиси хурсандист, ки дар соли 2012 бо дастгирии молиявӣ ва техникии Агентии Иёллоти Мутаҳидаи Америка оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва кӯмаки молиявии Фонди нуфуси Созмони Миллали Мутттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA) аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тадқиқоти Тиббӣ-Демографӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҳукумати Иёллоти Муттаҳидаи Америка дар шахсияти хонум Сюзан Эллиотт Сафири Иёллоти Муттаҳидаи Америка ва Фонди нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид барои расонидани кӯмаки техникӣ ва дастгирии саривақтӣ дар гузаронидани тадқиқоти мазкур, изҳор намуд.
Ҳамчунин ба ҳамаи кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сари вақт гузаронидан ва ҷамъбасти натиҷаҳои Тадқиқоти Тиббӣ-Демографӣ миннатдорӣ намуд.

Дар суханронии худ Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот қайд намуданд, ки тасаввур кардани банақшагирӣ ё қабули қарор бидуни маълумоти омор ғайриимкон аст. Тадқиқоти мазкур ба шахсонии масъули Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули қарорҳо ва барномаҳо саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад.Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ яке аз лоиҳаҳои кӯмак дар доираи кӯмакҳои зиёди аз ҷониби мардуми Америка ба Тоҷикистон расонида мебошад. Аз соли 1992 ин ҷониб аз тарафи мардуми Америка кӯмакҳои зиёди башардӯстона дар доираҳои барномаҳои беҳдошти стандартҳои ҳаёти аҳолии Тоҷикистон, бо мусоидати институтҳои демократии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон расонида шудааст.

Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирова Саида Бобоевна дар суханронии худ қайд намуданд, ки маълумотҳои натиҷаҳои ТТДТ 2012 воситаи хуб мебошад барои баҳодиҳии барномаҳои айни замон амалкунанда дар соҳаи тандурустӣ, ҳамчунин метавонем дар таҳияи барномаҳо ва стратегияҳо оид ба беҳсозии саломатии аҳолӣ ва хизматрасонии тибии аҳолии кишвар махсусан занон ва кӯдакон истифода бурда шавад дар Тоҷикистон истифода бурда шавад.

Натиҷаҳои пешакии ТТДТ 2012-ро сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва омори иҷтимоии Агентии омор Қулов Абдувалӣ муаррифи намуда қайд намуд, ки аз рӯи маълумотҳои тадқиқоти мазкур дар солҳои охир тағйиротҳои мусбӣ дар нишондиҳандаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мегардад.

Баҳодиҳии сатҳ ва тамоюли фавт дар миёни кӯдакони навзод ва кӯдакон яке аз вазифаҳои асосии ТТДТ 2012 буд, чунки коэффитсиенти фавт дар миёни ин гурӯҳи аҳолӣ нишондиҳандаи асосии вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳамчунин сифати зиндагӣ дар кишвар мебошад.
Фавти кӯдакони синни то 5 сола дар солҳои 2008-2012 – 43 ба 1000 зиндатаваллудшударо ташкил дод, нишондиҳандаи фавти кӯдакони навзод то 1 сола 34 ба 1000 зиндатаваллудшударо ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба Тадқиқоти Мулти Индикатории вазъи занон ва кӯдакон дар соли 2005 қариб 2 баробар паст мебошад (мутаносибан 79 ва 65 ба 1000 зиндатаваллудшуда), ба пастравии нисбатан баланди камшавии фавти кӯдакон дар давоми солҳои зиёди байни ин тадқиқотҳоро нишон медиҳад.

Эҳтимолияти зиндамонии кӯдакон дар Тоҷикистон, дар муқоиса ба сатҳи фавти тадқиқотҳои ТТД-и ба наздики дар як қатор кишварҳои ҳамсоя гузаронидашуда, нисбатан баландтар мебошад; масалан, нишондиҳандаи фавти кӯдакони навзод дар давоми панҷ соли пеш аз тадқиқот дар ТТД-2010 Арманистон ва ТТД-2007 Украина мутаносибан 13 ва 14 ба 1000 зиндатаваллудшударо ташкил медод, ки ин дар муқоиса нисбат ба ТТДТ-2012 хеле паст мебошад. Аз тарафи дигар нишондиҳандаи эҳтимолияти зиндамондани кӯдакон дар Тоҷикистон нисбат ба Тадқиқоти фавти модарон дар соли 2010 дар Афғонистон гузаронидашуда (55 ба 1000 зиндатаваллудшуда), ТТД Озарбойҷон дар соли 2006 (43 ба 1000 зиндатаваллудшуда) ва ТТД дар Покистон дар солҳои 2006-2007 гузаронидашуда (78 ба 1000 зиндатаваллудшуда) нисбатан беҳтар мебошад.

Аз рӯи маълумотҳои ТТДТ 2012 Коэффитсиенти таваллуд дар маҷмӯъ дар давоми давраи се соли пеш аз тадқиқот 3,8 кӯдак ба як занро ташкил дод. КМТ дар миёни занони деҳот 3.9 кӯдак ба як зан ва дар миёни занони шаҳр 3.3 кӯдак ба як занро ташкил дод.
Нишондиҳандаҳои таваллудро дар ТТДТ 2012 метавонем бо натиҷаҳои нишондиҳандаҳои тадқиқотҳои охири ТТД гузаронидаи кишварҳои ҳамсоя муқоиса намоем. КМТ (3,8 кӯдак ба як зан) дар Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои аз Тадқиқоти фавти модарони дар соли 2010 дар Афғонистон гузаронидашуда (5,1 кӯдак) ва ТТД дар соли 2006 дар Покистон гузаронидашуда (4,1 кӯдак) нисбатан пасттар мебошад, лекин ин нишондиҳанда нисбат ба дигар тадқиқотҳои ТТД гузаронидашуда дар Озарбойҷон дар соли 2006 (2,0 кӯдак) ва дар Арманистон дар соли 2010 (1,7 кӯдак), баландтар мебошад.

Фоизи занҳое, ки ҳангоми таваллуди кӯдак кӯмаки кормандони баландихтисоси тиббиро гирифтаанд дар Тоҷикистон 87 фоиз ва занҳое, ки дар муассисаҳои тандурустӣ кӯдак таваллуд кардаан 77 фоиз, ҳамон тавре, ки ТТД Озарбойҷон дар соли 2006 (мутаносибан 89 ва 78 фоиз) ташкил дод. Мувофиқи маълумотҳои ТТД Арманистон дар соли 2010, фарогирии кӯмакрасонии занон ҳангоми таваллудкунии кӯдак аз тарафи мутахассисони баландихтисоси тиббӣ 100 фоиз, ҳамчунин таваллудкунӣ дар муассисаҳои тандурустӣ 99 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаҳо Тоҷикистон баландтар аст.

Аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳои зиёд оид ба нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд ва ба ҳамаи саволҳое, ки мароқ зоҳир карда шуд,ҷавобҳо пешниҳод карда шуд.
Барномаи ТТДТ-2012 бо мақсади гирифтани маълумотҳои воқеӣ дар сатҳи умумимиллӣ ва минтақавӣ дар бораи таваллуд ва истифодабарии усулҳои зидди ҳомиладоршавӣ, вазъи саломатии модарон ва кӯдакон, фавти кӯдакони навзод (то 1 сола) ва кӯдакон (синни то 5 сола), зуроварӣ дар оила нисбат ба занҳо, ҳамчунин бохабар будан аз бемориҳои сил (туберкулёз), Вируси Норасоии Масунияти Одам ВНМО/СПИД ва дигар бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, коркард шудааст.

 

Другие новости