Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

12.03.2013
Конфронс оид ба Арзёбии глобалии низоми миллии омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 7 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе, дар толори Душанбе – плаза презентатсияи хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳои арзёбии глобалии низоми миллии омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои вобаста ба онҳо оид ба ҳамкории техникӣ доир гардид.

Дар Конфронси мазкур беш аз 70 нафар, аз он ҷумла: Сардори Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон – Одил Сангов, Директори Департаменти омори Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ – хонум Лидия Братанова, сармушовири Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ оид ба мамлакатҳои ИДМ – ҷаноби Габриэл Гамез, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ/намояндаи Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаворӣ – хонум Алзира Феррейра, мушовири калони Бонки умумиҷаҳонӣ – ҷаноби Мустафо Динч, сармушовири омори Норвегия – хонум Энн Абелсет, роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони он, намояндаҳои вазорату идораҳо намояндаҳои воситаи ахбори омма ва ташкилотҳои байналхалқӣ ширкат доштанд.

Гузаронидани арзёбӣ бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2011 мадди назар гирифта шуда буд ва аввалин маротиба дар соли 2012 аз тарафи коршиносони Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, Омори Аврупо ва созмони Аврупоии Савдои озод (САСО) гузаронида шуда буд.

Бо сухани ифтитоҳии табрикотӣ хонум Алзира Феррейра, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ/намояндаи Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаворӣ, ҷаноби Одил Сангов – сардори Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, хонум Лидия Братанова – Директори Шӯъбаи омори Комиссияи Аврупоии иқтисодии СММ ва хонум Бахтия Муҳаммадиева – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилкунандаҳои конфронси мазкур изҳори миннатдор намуда, ба кори он муваффақиятҳо орзӯ намуданд. Ҳамчунин дар бораи муҳимияти омор дар ҷомеаи муосир қайд карда шуд, ки маълумотҳои воқеӣ ва мӯътамади омории эътирофи умум ҳамчун заминаи ҷомеаи демократӣ ва ҳамчун шарти зарурӣ барои ба таври мӯътадил амалӣ намудани вазифаҳои мушаххаси иқтисодиёти бозорӣ баррасӣ карда мешаванд.

Хонум Лидия Братанова дар презентатсияи худ «Арзёбии глобалӣ – ин унсур барои таъсиси низоми самаранок ва устувори оморӣ» қайд намуд, ки омори расмӣ барои раванди ташаккулёбии сиёсат ва ҷомеаи муосир аҳамияти муҳим дорад, барои омӯзиши таъсиси сиёсат ва унсурҳои ҳалкунанда, барои тасаввуроти ҷомеаи муҳими мо аҳамияти муҳими ҳаётӣ дорад. Маълумотҳои муқоисашавандаи омории байни мамлакатҳо ва минтақаҳо дар шароитҳои глобаликунонии ҷаҳон заруранд: Арзёбии глобалӣ ин асбобе мебошад, ки барои сохтани низоми устувори оморӣ, ки ба дархостҳои истифодабарандаҳо бо усули самаранок ва таъсирбахш ҷавобгӯй аст. Ҳадафи арзёбии глобалӣ таъмини аниқи пешниҳод дар бораи рушд ва нумӯи омори расмӣ дар мамлакат мебошад.

Ҷаноби Габриэл Гамез дар презентатсияи худ «Хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳо оид ба арзёбии глобалии низоми омори Тоҷикистон» қайд кард, ки дар солҳои охир Агентии омор ва дигар ташаккулдиҳандаҳои омори расмӣ дар мувофиқа ба амалияҳои миллӣ ва маҳсулоти оморӣ ба амалия ва меъёрҳои байналхалқии беҳтарин ба тараққиёти назаррас ноил гардидааст. Агентии омор дар ҳақиқат, амалан истеҳсолкунандаи омори расмӣ ва мақоми ҳамоҳангсози Низоми Миллии Омори Расмӣ мебошад.

Бо вуҷуди ин ҳамон тавре, ки ҷаноби Габриэл Гамез қайд кард, Агентии омор ба дастгирии иловагӣ (молиявӣ, инсонӣ ва техникӣ) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз шарикони байналхалқӣ эҳтиёҷ дорад ва барои такомулоти минбаъдаи омор дар соҳаи қонунгузорӣ ва заминаҳои таъсисотӣ (инстутсионалӣ) оид ба сохтори ташкилӣ ва тақсимоти меҳнат, беҳтар намудани идоракунӣ ва омӯзиши сифат, оид ба стратегияи алоқа, бозор ва равандҳои истеҳсолӣ тавсияҳо пешниҳод намуд.

Дар презентатсияи Агентии омор қайд карда шуд, ки ҳангоми омода намудани тафсирот ба ҳисоботи пешакӣ кайҳо баъзе тавсияҳо оид ба арзёбии глабалӣ дар амал татбиқ шудаанд ва оид ба пурраю мукаммал амалӣ намудани тавсияҳо якҷоя бо вазорату идороҳое, ки оморро таҳия менамоянд, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода мешавад.

Алишер Ашуров афсари барномаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди ҳазинаи нуфузи СММ, дар бораи ҳиссагузории Хазина дар рушди омори миллӣ, барӯйхатгирӣ, нашрияҳо ва баланд бардоштани иқтидори Агентии омор нақл кард.

Дар бораи ҳиссагузории Бонки Умумиҷаҳонӣ дар таҳия, татбиқ ва фаъолияти минбаъдаи стратегияи миллии рушди омор дар презентатсияи худ мушовири калони Бонки Умумиҷаҳонӣ – ҷаноби Мустафо Динч равшанӣ андохт. Вай қайд кард, ки ҳадафи умумии Барномаи рушди омори миллӣ (марҳилаи дуюм) минбаъд ҳам тақвият бахшидани иқтидори Низоми Омори Тоҷикистон барои омода намудан ва сари вақт паҳн намудани маълумотҳои омории дахлдор ва мӯътамад, ба таври иқтисодӣ самаранок мебошанд, онҳо ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқат мекунанд ва ба талаботи истифодабарандаҳо ҷавоб дода метавонанд, лоиҳа ба комёбию муваффақиятҳои лоиҳаи пештараи Барномаи рушди омори миллӣ барои дастгирию ҳимояи тараққиёт асоснок карда шудааст ва дар татбиқу амали намудани Низоми Миллии Рушди Омор (НМРО), бо ҷудо намудани эътибору аҳамияти махсус ба самтҳои афзалиятноки ҳадафҳои оморӣ мусоидат хоҳад кард.

Хонум Энн Абелсет – мушовири калони омори Норвегия, оид ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори омори Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ҳамкории дутарафа, дар бораи лоиҳаи оянда барои 3 сол оид ба масъалаҳои зерин иттилоъ дод: технологияи иттилоотӣ ва таҳияи регистр, таҳияи омори иқтисодӣ ва дастгирию ҳимояи маркази талимӣ.

Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Шукуфа Ибодова дар бораи ҳисагузории Хазинаи кӯдакони СММ ба омӯзиш ва рушди иқтидори омори миллӣ, ки ба кӯдакони Тоҷикистон ба воситаи TransMONEE ва TojikInfo равона карда шудааст. Инчунин презентатсияи худро Сангинбой Сангинов – менеҷери миллии лоиҳаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар бораи рушди омори Бехатарии озуқаворӣ пешниҳод кард.

Игор Чернишев – маслиҳадчии калони байналхалқии Ташкилоти байналхалқии меҳнат оид ба омори меҳнат нисбат ба арзёбии глобалӣ оид ба тадқиқоти хонаводаҳо, таснифот ва феҳрастҳо ва омори бозори меҳнат ба таври иловагӣ равшанӣ андохт. Дар бораи дар вақтҳои наздик оғози зарурати таъсиси низоми таъсирбахш ва вазифавии иттилоот дар бораи бозори меҳнат изҳори назар карда шуд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами зерин изҳори ақида карда шуд: «Дар айни замон Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани тадқиқоти мунтазами (ҳар семоҳа) – и қувваи корӣ дастгирию ҳимояи молиявӣ надорад, то ки ба таври мунтазам маълумотҳои омӯзиши ҳолату вазъиятҳои ба амал омадаро ба даст дароварад. Ҳамаи нотиқон ба маслиҳатҳои худ якдилу ҳамовоз буданд ва мароми онро доштанд, ки омор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак расонад, то ки дар асоси усулу методҳои муосир, консепсия, муайянкунанда ва таснифот, ҷамъоварии маълумотҳои омори мӯътамад, саривақтӣ, пурра, мунтазам ва доимӣ ташкил карда шавад. Биёед, ҳама якҷо фикру андеша кунем, қувваро муттаҳид созем, кӯмак расонем».

Дар хотима хонум Лидия Братанова дар бораи гузаронидани арзёбии глобалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи презентатсияи вай дар конфронси мазкур қаноатмандии пурраи худро изҳор кард. Вай қайд намуд, ки арзёбии глобалии низоми омор бояд ҳамчун меъёр барои рушди минбаъдаи низоми омор ва иқтидор истифода бурда шавад. Ҳамоҳангии амал, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи байналхалқӣ зарур аст.

Ҷаноби Мустафо Динч қайд намуд, ки Стратегияи миллии рушди омор дар арзёбии глобалӣ ва арзёбии глобалӣ дар омода намудани лоиҳа аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ ба зуди кӯмак мерасонад. Ҷаноби Габриэл Гамез дар бораи ҳамоҳангии ҳамкории дутарафа ва интихоби афзалиятҳо фикру мулоҳизаҳои худро изҳор намуд.

Дар ҷаласаи хотимавии конфронс намояндаҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ фирку андешаҳо ва пешниҳодҳои худро изҳор намуданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Муҳаммадиева Бахтия Зиёдуллоевна ба ҳамаи иштирокчиён барои кори хеле самаранок изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ намуда, дар бораи ҳозир будан ба татбиқи тавсияҳо барои модернизатсия намудани методологияи омор оид ба истеҳсоли иттилооти бештар босифат, ки комёбии ҳадафҳо ва вазифаҳои омори давлатиро дар асоси омори таҳлили пурраи воридшуда ва мӯътамад, омори расмии илман асоснок, дар бораи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, демографӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи, камбизоатӣ ва меъёри байналхалқӣ таъмин менамояд, бовар кунонд.

 

Другие новости