Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.02.2013
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бозҳисокунии аҳолиро оид ба муайян намудани санаи таваллуди 8 миллионаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба анҷом расонид

Аз рӯи ҳисоботҳои омори ҷории соли 2012 оид ба ҳаракати табиии аҳолӣ (таваллуд ва фавт) ва муҳоҷирати аҳолӣ шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ ба ҳолати 1 январи соли 2013 –ум 7984,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳисоботҳои омори ҷории семоҳаи аввали соли 2012 оид ба ҳаракати табиии аҳолӣ (таваллуд ва фавт) ва муҳоҷирати аҳолӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 шумораи таваллудшудагон 47765 нафар, шумораи фавтҳо 9295 нафар афзоиши табиии аҳолӣ 38470 нафарро ташкил медиҳанд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 шумораи кӯчидаомадагон 8025 нафар ва кӯчидарафтагон 8868 нафарро ташкил ва аз муҳоҷират камшавии аҳолӣ -843 нафарро ташкил медиҳад.

Афзоиши умумии аҳолӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 -ум 37627 нафарро ташкил медиҳад, яъне дар як рӯз 418 нафар, дар як соат 17 нафар ва дар ҳар се дақиқа 1 нафар аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мешавад.

Азбаски дар як рӯз аҳолӣ 418 нафар зиёд мешавад пас таваллуди кӯдаки 8 миллиона ба рӯзӣ 36 –уми семоҳаи аввали соли 2013, яъне субҳи 5 феврали соли 2013 байни соатҳои 7-00 то 8-00 рост меояд.
 

Другие новости