Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.02.2013
Ҷаласаи навбатии Шӯрои методологӣ

30 январи соли 2013, Ҷаласаи Шӯрои Методологии Агентии омор бо иштироки муовинони директор, роҳбарияти МД Маркази кулли ҳисоббарорӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳои соҳавии Агентӣ доир гардид. Дар ҷаласа методологияи тадқиқоти интихобии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти дастгирии системаи иттилоотии амнияти озуқаворӣ»-ии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ бо мақсади такмил додани методологияи баҳисобгирии омории фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, кам кардани сарборӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, коршиноси Лоиҳа методологияи гузариш ба тадқиқоти интихобиро дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии омор таҳия намуд. Методология дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дод шуд.

Зарурати таҳияи методология аз он иборат аст, ки рӯз ба рӯз теъдоди хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ аз ҳисоби таҷдид ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ афзуда, барои баҳисобгирии пурраи фаъолияти чунин хоҷагиҳои деҳқонӣ мушкилиҳои нав эъҷод шуда истодаанд.

Доир ба паҳлӯҳои мусбӣ ва манфии методологияи мазкур коршиноси лоиҳа Мамука Нодирашвили маълумот дода, ҳамзамон бо мисолҳои равшан аз рӯи хазинаи маълумотҳои таҳияшуда истифодаи методологияро манзури иштирокчиён намуд.
Сипас, хазинаи маълумотҳои шаҳри Турсунзода аз рӯи баҳисобгирии сартосарӣ ва усули интихобӣ пешниҳод карда шуд.

Бо назардошти фикру андешаҳои мутахассисон, дар ҷаласа қарор кабул карда шуд, ки методологияи мазкур ба асос гирифта шавад, сардорони раёсату шӯъбаҳои соҳавӣ баъди омӯзиши пурраи дастурамали мазкур, лоиҳаи ниҳоии ҳуҷҷатро барои тасдиқ ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод менамоянд.

Ба лоиҳаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ барои кӯмаки техникӣ миннатдорӣ изҳор карда шуд ва қайд карда шуд, ки дар сурати қабули ҳуҷҷати мазкур, омӯзиши кормандони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба истифодаи методологияи зикршуда гузаронида мешавад.
 

Другие новости