Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

25.01.2013
Оид ба ҷамъбасти дар соли 2012 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид

 24-уми январи соли ҷорӣ дар Маркази Матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зиёда аз 15 рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва телевизион аз он ҷумла: рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Дайджест пресс», «Чархи гардум», АМИТ «Ховар», телевизионҳои «Сафина», «Шабакаи аввал», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Радиои Тоҷикистон», радиои «Ховар», «Паёми Душанбе» ва дигарон иштирок карданд.

Нишасти матбуотиро Муовини якуми Директори Агентӣ Шокиров Ш.Ш. оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2012 суханронӣ намуд. Дар муҳокимаи мавзӯъ инчунин муовинони Директори Агентӣ Асоев А.Р. ва Норов Қ.Д. иштирок намуданд.

Баъд аз ин баҳсу мунозира байни намояндагони воситаҳои ахбор ва кормандони Агентӣ тарзи саволу ҷавоб оғоз гардид.

Саволҳо умуман дар мавзӯҳои зерин буданд:
- шумораи бекорон дар ҷумҳурӣ ва сатҳи бекорӣ;
- шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла занон;
- дар ақди никоҳ қарор надоштани шаҳрвандони ҷумҳурӣ;
- дар бораи тадқиқоти тиббӣ-демократӣ ва тадқиқоти меҳнати кӯдакон;
- дар бораи саршумори чорво дар хоҷагиҳои аҳолӣ;
-шумораи аҳолии ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 ва сохтори вай ва ғайраҳо.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 



Гузаронидани чунин маъракаҳо бо иштироки васеи воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ дар оянда шаффофияти маълумотҳоро таъмин намуда, сабаби баланд бардоштани сифати корҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи маълумотҳои оморӣ мегарданд.

 

Другие новости