Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.01.2013
Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012

 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 ба роҳбарӣ гирифта, фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» ва Низомномаи Агентӣ, барнома, нақша ва мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда, ба амал мебарорад.
Дар соли 2012-ум 132 Қарору 265 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 943 мактуб аз вазорату идораҳо ворид гардида, сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳо фиристода шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2013» ва «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2013» ба тасвиб расиданд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмин намудани мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот бо дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагӣ» низ қабул гардид.

Ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, се шакли ҳисоботи оморӣ оид ба омори молия ихтисор карда шудаанд. Корҳои кам намудани ҳисоботҳои оморӣ идома дорад.
Агентӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2012 №177 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012» нишон дода шуданд, корҳои назаррасро иҷро намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ саволномаи тадқиқоти якҷояи (умумигардонидашудаи) буҷети хонаводаҳо баррасӣ гардида, ба он модулҳои нав оид ба тандурустӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ илова гардид. Барномаи коркарди автоматии натиҷаҳои он низ аз нав таҳия гардида истодааст.

То 1-уми январи соли 2013 шумораи субъектҳои бақайдгирифташуда 257,1 ҳазор ададро ташкил намуд, аз он ҷумла дар «Равзанаи ягона» 250,8 ҳазор ададро ташкил намуд, ки аз онҳо 223,7 ҳазор адад ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Дар ҳамин давра 63,3 ҳазор субъекти хоҷагидор барҳам дода шуд, ки аз онҳо 62,5 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Айни замон зиёда аз 193,8 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла дар «Равзанаи ягона» 187,5 ҳазор адад, ки аз онҳо 25,9 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ, 336 филиал – намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва 161,2 ҳазор адад соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. 

Дар соли 2012 Шӯрои методологии Агентӣ 4 – шакли ҳисоботи омории муттамарказро бо тағйироту иловаҳояшон; 2 – саволномаҳои оморӣ оид ба барӯйхатгирии кишоварзии санҷишӣ бо дастурамалҳояшон; як варақаи бақайдгирии муҳоҷирон, 8 саволнома оид ба тадқиқоти буҷети хонавода, 12 номгӯйи ҷадвалҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва 14 шакли ҳисоботи омори дохилиидоравиро бо тағйироту иловаҳояшон баррасӣ ва тасдиқ намуд. 
Мувофиқи дархостҳои пешниҳодкардаи мақомоти маҳаллии омор ва раёсату шӯъбаҳои соҳавии Агентии омор оид ба миқдори лозимии шаклҳои ҳисоботи оморӣ барои соли 2013, зиёда аз 5,5 млн. нусхаро ташкил медиҳад, ки сари вақт омода ва ба мақомоти маҳаллии омор дастрас карда шуданд.
Ҳамагӣ дар соли ҷорӣ 9309 корҳои оморӣ иҷро гардиданд.

Дар самти омодагӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 (банди 5 (сархати 2) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012 №34 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012”), Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, бахусус бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Барӯйхатгирии озмоишии кишоварзӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон аз 14 октябр то 5 ноябри соли 2012 гузаронида шуд. Айни замон санҷиши варақаҳои пуркардашуда, рамзгузорӣ ва воридкунӣ ба хазинаи маълумотҳо идома дорад.

Дар соли 2012 оид ба ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 корҳои назаррасро анҷом дод.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тағйирёбии шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи барӯйхатгирии аҳолии солҳои 2000 ва 2010” ва ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба шумораи аҳолии дарозумри Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010”, “Ҳайати миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Сатҳи маълумотнокии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Шумора ва ҳайати хонаводаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ирсол карда шуданд.
“Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010” гузоришҳо ва маҷмӯаи “Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010” пешниҳод шуд.
Дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Халқ овози” мақола оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 чоп карда шуданд.
7 декабри соли 2012 бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон ва иштироки намояндагони як қатор вазорату идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма вохӯрӣ оид ба натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 гузаронида шуд.

Дар соли 2012-ум 35 маҷмӯа, 199 буллетен, 61 маълумот, 180 иттилооти фаврӣ пешниҳод карда шуданд. Ба Ҳукумати ҷумҳурӣ 65 гузориш пешниҳод карда шуд. Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқат мекунад, тартиб дода шуд. 
Ба Ҳукумати ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар давоми 20 сол (1992-2011) ва ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ барои солҳои 1992, 1997, 2001, 2005, 2010, 2011 ва нимсолаи якуми соли 2012 дар вилоятҳо, ш. Душанбе ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012 №34 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012”, ҷиҳати таъмини шаффофияти маълумотҳои оморӣ, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ташкили дурусти маълумотҳои оморӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.
Агентӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои Лоиҳаи “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” пешниҳодҳои заруриро ирсол намуд.

Дар соҳаи ташкили ҳамкории мутақобилаи иттилооти байналхалқӣ, Агентӣ ба Созмони Милали Муттаҳид, ЮНФПА, ОЭСР, ЭКО, Бонки Умумиҷаҳонӣ, МОТ, ФАО, ЮНЕСКО маълумотҳои омориро мутобиқи талаботи методологияи байналхалқӣ пешниҳод намуд. Ба Кумитаи омори ИДМ дар соли 2012-ум 394 кори оморӣ пешниҳод карда шуд. 
Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2017 тайёр карда шуд ва барои коркард ва маблагғузорӣ ба Бонки Умумии Ҷаҳонӣ пешниҳод карда шуд. Моҳи декабри соли 2012, дар рафти ташрифи коршиносони Идораи омори Норвегия, лоиҳаи меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи омори Норвегия дар бораи ҳамкориҳои институтсионалӣ барои соли 2013-2016 омода карда шуд. Ҳадафи умумӣ ва бисёрсолаи лоиҳа аз мустаҳкам намудани нақши омори расмӣ дар Тоҷикистон бо дарназардошти дастгирии вазифаҳои Агентии омор бо баланд бардоштани самаранокии низоми омори Тоҷикистон иборат мебошад.
Ба Агентӣ ташрифи коршиносон оид ба арзёбии Глобалии низоми миллии омор аз ҳайати намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, Омори Аврупо, Ташкилоти савдои озоди Аврупо баргузор гардид.
Дар Агентӣ дастурдиҳии омӯзишӣ оид ба технологияи CensusInfo, ки аз ҷониби шӯъбаи омори СММ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи нуфуси СММ бо мақсади дастгирӣ оид ба паҳнкунии маълумотҳои барӯйхатгирӣ бо истифодаи Интернет ва CD баргузор гардид.
Барои мутахассисони Агентӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ омӯзиши истифодабарии барномаи DevInfo гузаронида шуд.
Дар доираи Лоиҳаи «Гендер ва идоракунии демократӣ барои рушд ва пешниҳоди хизматҳои заминавӣ (базавӣ) барои занон», 25 майи соли 2012 дар Агентӣ бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони ташкилоти байналмиллалии «ООН и женщины», ЮНИСЭФ, ФҶ «Панорама» мизи мудаввар дар мавзӯи «Арзёбии ҳолати омори гендерӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» баргузор гардид.
Дар айни ҳол, маҷмӯаи “Занҳо ва мардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз чоп баромад ва дар вебсайти Агентӣ ҷойгир карда шуд.
17 августи соли 2012 дар Агентии омор бо иштироки муовини Раиси Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои маориф, тандурустӣ, адлия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, шӯъбаи ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Душанбе, Прокуратураи генералӣ ва ғайраҳо ҷаласа оид ба хазинаи маълумотҳои ТРАНСМОНИ баргузор гардид.
Соли 2012 семинари омӯзишии санҷишии саволномаҳои тадқиқоти тиббӣ-демографӣ - 2012 бо иштироки мушовири байналмиллалӣ ва зиёда аз 160 нафар кормандони Агентии омор ва мақомоти омори маҳаллӣ гузаронида шуд. Аз рӯзи 4 августи то 24 сентябри соли 2012 корҳои саҳроӣ оид ба гузаронидани Тадқиқоти Тиббӣ-Демографӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар айни замон коркарди маълумотҳо идома дорад.
Бо дастгирии Ташкилоти байналхалқии меҳнат корҳои саҳроии тадқиқоти меҳнати кӯдакон, ки дар доираи Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили махзани маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад, анҷом ёфтанд.

Дар соли 2012 барои санҷиш, расонидан ёрии амалӣ ба мақомоти маҳаллии омор ва иштирок кардан дар семинар – машваратҳо, омӯхтани таҷрибаи корӣ ба хориҷи дуру наздик 224 нафар (берун аз ҷумҳурӣ 81 нафар) кормандони мақомоти омор сафари хизматӣ доштанд.
Дар давраи ҳисобот мақомоти маҳаллии омор 899 нафар роҳбарони корхонаю муассисаҳоро ба маблағи 281,8 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд, аз ин маблағ ба буҷет 160,5 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки 57 фоизи маблағҳоро ташкил медиҳад.

Дар соли 2012 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» Агентӣ фаъолият намуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2012, №1349 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, №862» дар Агентӣ 85 воҳиди корӣ, аз ҷумла дар Дастгоҳи марказӣ 14 воҳид ва дар муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» 5 воҳид ихтисор карда шудаанд. Дар Агентӣ айни ҳол 6 Раёсат, 4 Шӯъбаи мустақил ва 2 бахш, дар мақомоти маҳаллии омор 15 раёсат, 25 шӯъба ва 28 бахши шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд. Дар Агентӣ 514 нафар хизматчиёни давлатӣ, 223 нафар, ё 43, 4 фоиз занон ва 210 нафар, ё 40, 9 фоиз ҷавонони то синни 35 сола ва дар Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» 115 нафар фаъолият менамоянд.

Иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гарави пешравиҳо хоҳанд буд, аз ин рӯ, вазифаҳои зерини минбаъда бе чуну чаро бояд иҷро карда шаванд:
1. иҷрои ҳатмии барномаи корҳои оморӣ барои соли 2013;
2. беҳтар намудани шаффофияти ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти оморӣ мутобиқи омори байналмиллалӣ;
якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соли 2013 дар сатҳи зарурӣ
3. гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани корҳо дар самти ташаккули омори расмӣ дар ҳамаи соҳаҳо тибқи Таснифоти миллии маҳсулот ва хизматрасонӣ чораҳои мушаххас андешидан;
5. якҷоя бо Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон анҷом додани корҳои тайёрии гузариш ба стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳои Хазинаи байналмилалии Асъор;
6. бо роҳи санҷишӣ гузаронидани тадқиқоти уму-мигардонидашуда буҷети хонавода, дар асоси саволнома ва дастурамалҳо бо назардошти модулҳои нави соҳаи иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф ва бозори меҳнат), барномаи нави коркарди натиҷаҳои тадқиқот, интихоби нави хонаводаҳо;
7. ба таври пурра ва зина ба зина ҷорӣ намудани коркарди ҳисоботҳои оморӣ бо истифода аз барномаҳои махсуси таъминотӣ;
8. мустаҳкам намудани интизоми меҳнат мутобиқи низомномаҳои хизмати давлатӣ ва дохилӣ, дастурамалҳои вазифавӣ;
9. ҷалб намудани маблағҳои шарикони рушд барои татбиқи Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2012-2016;
10. риоя намудани талаботи Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
11. такмили баҳисобгирии маҳсулоти умумии дохилии семоҳа;
12. пурзӯр намудани корҳо дар самти ташаккули омори расмӣ тибқи таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ва таҳияи таснифоти миллии маҳсулот ва хизматрасонӣ;
13. натиҷагирии арзёбии глобалӣ дар Агентӣ, ки аз ҷониби Омори Аврупо гузаронида шуд ва зина ба зина дар амал татбиқ намудани тавсияҳои ҳисоботи арзёбии глобалӣ;
14. идома додани корҳои ташкилӣ оид ба гузариш ба ҳисоботи электронии корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе.
 

Другие новости