Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

30.12.2012
Омори солона «Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад

Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри пурраи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падида ва шароитҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро, ки дар замони гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба амал меоянд, инъикос менамояд. Дар маҷмӯаи солонаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои 6 сол оварда шудаанд. Дар бораи аҳолӣ, вазъи демографӣ, тандурустӣ, маориф, ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат маълумот оварда шудааст. Дар маҷмӯа нишондиҳандаҳои ҷудогона, ки вазъияти соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии аҳолиро тавсиф мекунанд, бештар ҷой дода шудаанд. Яке аз бобҳои маҷмӯа, тавсифи умумии корхонаю ташкилотҳо, иттилооти бизнеси хурд ва ҷараёни хусусигардониро дар бар мегирад.  

Другие новости