Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

10.12.2012
Вохӯрӣ бо истифодабарандагони маълумоти оморӣ дар мавзӯи: «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010»

 7 декабри соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи Нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки як қатор намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010» гузаронида шуд.

Вохӯриро Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. кушода, иштирокчиёни вохӯриро хайрамақдам гуфт. Вай дар баромади худ корҳои гузаронидашудаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро ҷамъбаст намуда, оид ба натиҷаҳои ҷамъбастгардида дар тараққиёти ояндаи давлат баҳогузорӣ намуд. Инчунин Директор кӯтоҳ дар бораи нашри ҷамъбасти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маълумот дода, дар оянда оид ба таҳлил ва истифодабарии маълумотҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тавсия дод.

Ба диққати иштирокчиён аз тарафи сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ Исмоилова З.Ҷ. презентатсия дар мавзӯи: «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010», ки дар он таҳлили нишондиҳандаҳои асосӣ, муқоиса бо натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум оварда шудааст, пешкаш карда шуд.

Мувофиқи презентатсияи гузаронидашуда, суръати солонаи афзоиши аҳолӣ дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2000 – 2010 пасту баланд шуда, суръати миёнаи солона 2%-ро ташкил дод. Аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳои номбаршуда – сохтори аҳолӣ, оид ба ҳайати ҷинсӣ ва синнусолӣ, ҳолати ақди никоҳ, миллатҳои маскуни ҷумҳурӣ, донистани дигар забонҳо аз рӯи минтақаҳои ҷумҳурӣ маълумоти пурра дода шуд, ки диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Инчунин оид ба сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ва фарқияти маълумотнокии аҳолӣ дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот таҳлили муфассал карда шуд.

Оид ба шумора ва ҳайати хонаводаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал слайдҳо намоиш дода шуда, таҳлил карда шуданд. Шумораи хонаводаҳо ба 1 197 187 адад ва шумораи аъзоёни хонаводаҳо ба 7523010 нафар расидааст. Андозаи миёнаи хонаводаҳо дар ҷумҳурӣ 6,3 нафарро ташкил медиҳад.

Аз тарафи муовини сардори Раёсат Ризоев Н. презентатсияи дуюм оид ба нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил пешниҳод гардид. Ба диққати иштирокчиёни вохӯрӣ як қатор маҷмӯаҳо ва ҷилдҳои нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 пешкаш гардид.

Дар охир саволҳо оид ба нишондиҳандаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 дода шуданд, ки мавриди баҳс қарор гирифт. Ба ҳамаи саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
 

Другие новости