Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

12.12.2012
Дар бораи гузаронидани семинари омузишӣ оид ба рамзгузории сабабҳои фавт аз рӯи таснифоти байналхалқии омории бемориҳо ва проблемаҳои ба саломатӣ алоқаманд (ТББ-10)

 Аз 5 то 7 декабри соли 2012 дар доираи лоиҳаи Фонди Нуфузи аҳолии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани малакаи мутахассисони маҳалӣ оид ба омори демографӣ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ оид ба рамзгузории сабабҳои фавт аз рӯи Таснифоти байналхалқии омории бемориҳо ва проблемаҳои ба саломатӣ алоқаманд (ТББ-10) гузаронида шуд.

Мақсади асосии семинари мазкур омӯзиши мутахассисони маҳаллии мақомоти омор, Маркази омор ва иттилооти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қоидаҳои дуруст пур кардани шахномаи фавт аз тарафи духтурон, санадҳои бақайдгирии таваллуд ва фавт аз тарафи кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳот ва қоидаҳои рамзгузории сабабҳои фавт аз тарафи кормандони мақомоти омори давлатӣ дар маҳалҳо бо истифода аз ТББ-10.

Ҳамоҳангсозӣ миёни ин се сохтори давлатӣ имконият медиҳад, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот оид ба сабабҳои фавт асосан фавти перинаталӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, паст намояд. Омори сабаҳои фавт барои таҳлили вазъи саломатии аҳолӣ, паҳншавии бемориҳо, таҳлили сабабҳои фавт, муқоиса бо кишварҳои гуногун ва давраҳо, имконият фароҳам меорад. 

Ҳамаи иштирокчиён оид ба ҳарсол гузаронидани чунин семинарҳо дар сатҳи минтақаҳои кишвар бо иштироки кормандони тиббии беморхонаҳо ва таваллудхонаҳо, намояндагони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ва ҷамоатҳои деҳот изҳори ҳоҳиш намуданд
 

Другие новости