Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

13.11.2012
Маърӯзаи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои январ-октябри соли 2012 аз чоп баромад

Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таҳлили маълумотҳои фаврӣ, аз ҷумла воқеӣ, андозу буҷет, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иттилооти мухтасар оид ба мамлакатҳои ИДМ омода карда шудааст.

Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2011 №23 «Дар бораи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳои соли 2011», ин гузориши таҳлилӣ дар асоси таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (ТУНФИ), ки ба меъёрҳои байналмиллалии таснифот мувофиқат мекунад, тартиб дода шудааст. То январи соли 2011 ҳангоми таҳлил таснифоти умумии соҳаҳои хоҷагии халқ (ТУСХХ-шӯравӣ) истифода бурда мешуд.

Сарчашмаи асосии иттилоот барои гузориш маълумотҳои расмие, ки мақомоти омор аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо усули фарогирии пурра, тадқиқотҳои интихобӣ ва дигар шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ гирифтаанд, инчунин маълумотҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд ва бо методологияи мувофиқашудае, ки муқоисакуниҳои байналмилалиро таъмин менамоянд, ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Гузориш барои мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, оморчиён, иқтисодчиён, кормандони илмӣ, мутахассисоне, ки ба маълумотҳои оморӣ дар бораи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ доранд ва дигар истифодабарандагон омода гардидааст.
 

Другие новости