Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.11.2012
Дар бораи тадқиқоти меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2012

 Тадқиқоти мазкур дар доираи Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили махзани маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Барнома аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 июни соли 2011 №151272) гузаронида мешавад. Созишнома оид ба иҷрои ин Барнома 11 июни соли 2012 ба имзо расида буд (Р.2080.05.400.051). Барномаи мазкур 12 моҳ давом мекунад ва гузаронидани тадқиқоти интихобиро дар хонаводаҳо дар ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад, ки ин барои гирифтани маълумотҳои боварибахш дар бораи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кӯдакони синни 5-17 сола, давомоти ба мактаб рафтани онҳо, кор дар оила ва берун аз он, дар бораи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон имконият медиҳад.

Иҷроиши Барнома дар чанд марҳила ба амал бароварда мешавад, ки инҳоро дар бар мегирад:
• аниқкунии рӯйхати хонаводаҳо (листинг)
• гузаронидани интихоби хонаводаҳо
• мувофиқгардонии намунаи саволнома
• гузаронидани тадқиқот
• коркарди натиҷаҳо ва тайёр намудани ҳисобот
• паҳнкунии маълумотҳо

Барои муайян намудани интихоб махзани маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 истифода карда шудааст. Интихоби эҳтимолии кластерии дузинагӣ истифода бурда шудааст: дар зинаи аввал интихоб дар сатҳи воҳиди аввалаи интихоб (кластер) аз шумораи умумии қитъаҳои баҳисобгирӣ ташкил карда шудааст. Дар зинаи дуюм суроғаи хонаводаҳо интихоб карда шудааст. Шумораи хонаводаҳо дар доираи кластерҳои интихобгардида 16 воҳидро ташкил медиҳанд. Андозаи интихоб дар маҳалҳои деҳот 2752 хонавода дар 172 кластер, дар маҳалҳои деҳот бошад – 3648 дар 228 кластер ташкил медиҳанд. Андозаи умумии интихоб дар тадқиқот оид ба меҳнати кӯдакон 6400 хонавода дар 400 кластерро ташкил медиҳанд. Барои гузаронидани тадқиқот 57 ноҳия аз 58, 57 маҳалҳои шаҳрӣ ва шаҳракҳо аз 74 ва 165 ҷамоатҳои деҳот интихоб гардидааст.

То оғози пурсиши тадқиқот дар моҳи сентябр листинг (аниқкунӣ) рӯйхати хонаводаҳо (аз рӯи истиқомати ҳақиқӣ) дар кластерҳои интихобгардида бо назардошти биноҳои навсохташуда ва ё биноҳои кӯчонидашуда дар давраи солҳои 2010-2012 гузаронида шуд. Листинг (аниқкунӣ) аз тарафи 28 нафар барӯйхатгирандагони махсус омӯзонидашуда дар давоми 13 рӯз гузаронида шуд.
Баъди гирифтани рӯйхати аниқкардашуда марҳилаи дуюми интихоби хонаводаҳо барои гузаронидаи пурсиш ба амал бароварда шуд.

Барои гузаронидани тадқиқот саволномаи стандартӣ дар бораи меҳнати кӯдакони Созмони Байналмилалии Меҳнат бо мувофиқгардонӣ ба шароити Тоҷикистон истифода карда шудааст. Саволнома дар Шӯрои машваратӣ, ки намояндагони 14 вазорат, 2 кумита, Федератсияи иттифоқҳои касаба, Асосиатсияи корфармоён ва созмонҳои байналмилалӣ – СБМ-ИПЕК, ЮНИСЕФ, ЮНФПА шомил буданд муҳокима ва мувофиқа карда шуд.

Рӯзҳои 20-26 октябр семинари омӯзишӣ барои интервюерҳо ва супервайзерҳо, ки дар хонаводаҳои минтақаҳо пурсиш мегузаронанд, гузаронида шуд. Дар вақти семинари омӯзишӣ кормандони барои тадқиқот интихоб гардида, тарзи гузаронидани мусоҳиба бо калонсолон ва кӯдакон ва тартиби пуркунии саволномаро омӯхтанд. Ҳамагӣ 18 гурӯҳ дар ҳайати як супервайзер (роҳбар), се интервюер (мусоҳибагузаронанда) ва ронанда ташкил карда шуд.

Пурсиш дар хонаводаҳо аз 29 октябри соли 2012 оғоз гардида то 27 ноябри соли 2012 (30 рӯз) давом мекунад. Тадқиқот дар худ гузаронидани пурсиш дар хонаводаҳои интихобгардида, ҳам аъзоёни калонсоли хонавода ва ҳам кӯдакони синни 5-17 соларо барои гирифтани маълумотҳои қаблан зикргардида дар бар мегирад.

Баъди ба анҷом расидани пурсиш корҳои рамзгузории рамзҳои машғулият бо истифодабарии таснифоти байналхалқии машғулиятҳо ва таснифоти миллии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ гузаронида мешавад. Баъдан аз тарафи операторон корҳои воридкунии маълумотҳо гузаронида мешаванд. Баъд аз анҷом ёфтани корҳои воридкунии маълумотҳо махзани маълумотҳо ва ҷадвалҳои барориш аз рӯи натиҷахои тадқиқот ташкил ва ҳисобот тайёр карда мешавад.

Ҳамаи корҳои лоиҳа аз рӯи натиҷахои тадқиқот бояд то моҳи июли соли 2013 ба анҷом дода шаванд.




 

 

Другие новости