Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.11.2012
Ҷаласаи навбатии Шӯрои методологӣ

30 октябри соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои методологӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи мутахассисоне, ки ба хориҷи дуру наздик сафари хизматӣ доштанд ва тасдиқ намудани шакли ҳисоботи оморӣ баррасӣ шуданд.

Мутахассисони Агентӣ, ки оид ба масъалаҳои гузаронидани тадқиқоти хонаводаҳо дар омӯзиш буданд, ҳисоботи муфассал доданд. Инчунин мутахассисоне, ки барои иштирок дар семинар машваратҳо оид ба омори пиршавии аҳолӣ (кӯҳансолӣ) ва оид ба омори гендерӣ сафари хизматӣ доштанд, ҳисобот доданд ва нақшаҳои минъбаъдаи корӣ пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа шакли ҳисоботи омории №7-КМЗ «Ҳисобот дар бораи муваққатан корношоям ва захмин шудани кормандон дар истеҳсолот» бо дастурамалаш (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) бо тағйироту иловаҳояш баррасӣ шуда, тасдиқ карда шуд.
 

Другие новости