Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.10.2012
24 октябри соли 2012 Ҷаласаи мушовараи сайёр оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2012 баргузор гардид

 Бо дарназардошти он, ки барӯйхатгирии санҷишӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон гузаронида шуда истодааст, ҷаласаи мушовараи сайёр оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2012 дар шаҳри Сарбанд гузаронида шуд.

Бо гузориши муфассал оид ба натиҷаҳо ва вазифаҳои мақомоти омори давлатӣ дар давраи сипаришудаи соли 2012 Директори Агентии омор Муҳаммадиева Б.З. баромад намуд. Яке аз масъалаҳои марказии маърӯза ин баррасӣ намудани корҳои омодагӣ оид ба гузариш ба ҳисоботи электронӣ ба ҳисоб мерафт.

Зеро дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омор вазифадор шудааст, ки ҷиҳати кам кардани миқдори ҳисоботҳои оморӣ ва гузариш ба ҳисоботи электронӣ чораҳои зарурӣ андешад. Қайд карда шуд, ки Агентӣ ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои дигар оид ба ин масъала кормандони масъулро барои омӯзиш ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таҳияи нақшаи бисёрсолаи гузариш ба чунин тартиби корбарӣ равона кард. Ҳамчунин мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти омор, бахусус бо компютерҳои замонавӣ баҳри омода шудан барои гузариш ба ҳисоботи электронӣ шарт ва зарур мебошад ва дар навбати худ омӯзонидани ҳисоботсупорандагон – корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.

Дар маърӯзаи ҷамъбастӣ оид ба рафти корҳои саҳроии барӯйхатгирии санҷишии кишоварзӣ ба таври муфассал ахборот дода шуд. Қайд карда шуд, ки корҳои саҳроии барӯйхатгирии санҷишии кишоварзӣ то 4 ноябри соли 2012 идома меёбанд ва то 10 ноябр мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ маводҳои пурра санҷидашударо ба шӯъбаи омори шаҳри Сарбанд месупоранд. Коркарди маводҳои барӯйхатгирии санҷишии кишоварзии шаҳри Сарбанд дар дастгоҳи марказии Агентӣ коркард мешаванд.

Ҳамчунин оид ба фаъолияти мақомоти маҳаллии омор ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуд.

Бо мақсади иҷрои пурра ва босифати Барномаи корҳои оморӣ то охири соли 2012, корҳои тайёрии гузариш ба ҳисоботи электронӣ, корҳои омодагии барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти омори маҳаллӣ, гузариш ба стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳо ва масъалаҳои дигар ба муовинони Директори Агентӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, МКҲ, Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шӯъбаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифаҳои мушаххас дода шуд ва қарорҳои дахлдори Мушовара қабул карда шуданд.
 

Другие новости