Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.10.2012
Семинари омӯзишии барӯйхатгирии санҷишии кишоварзӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон

 12-13 октябри соли 2012 семинари омӯзишӣ барои кормандони мақомоти омори ҷумҳурӣ ва кормандони муваққатии барӯйхатгирии санҷишии кишоварзӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон доир гардид.

Семинари омӯзиширо бо сухани ифтитоҳӣ Директори Агентии омор – Муҳаммадиева Бахтия Зиёдуллоевна кушода, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро барои иштироки фаъолона дар ин чорабинӣ ҳидоят намуданд. Қайд карда шуд, ки гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Тоҷикистон хеле муҳим мебошад ва чорабинии мазкур бори нахуст гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар саволномаи барӯйхатгирии санҷишӣ аксарияти саволҳо вобаста ба фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентии хоҷагиҳои аҳолӣ ҳамроҳ карда шудаанд. 

Сипас сардори раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист - Абдуллоев М. дар бораи моҳияти барӯйхатгирии кишоварзӣ, оид ба иҷрои корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо ахборот дод. 
Дар бораи тартиби пур кардани саволномаҳои шакли 1-БК ва шакли 2-БК, истифодаи дастурамалҳои пуркунии онҳо ҳангоми гузаронидани корҳои саҳроӣ кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ бо мисолҳои равшану фаҳмо маълумоти муфассал доданд.

Дар навбати худ кормандони муваққатии барӯйхатгирии санҷишӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои муносиб гирифтанд.
Сипас ба ҳисобчиён, дастурдиҳанда-назоратчиён, мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ сарборӣ муайян карда шуд ва рӯйхати хонаводаҳое, ки дар барӯйхатгирӣ иштирок менамоянд, пешниҳод карда шуд.

Барои корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ёрирасони вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо саволномаҳо бо роҳи пуркунии мустақилона аз ҷониби шахсони масъули ин ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар семинари омӯзишӣ ҳамчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва кишоварзӣ низ иштирок намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки корҳои саҳроии барӯйхатгирии санҷишӣ 14 октябри соли 2012 оғоз мешаванд ва то 4 ноябри соли 2012 идома меёбанд. Дар рафти корҳои саҳроӣ саволномаҳои омодакардашуда пурра санҷида мешаванд ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳо ва нишондодҳо дар амалия саволномаҳои ниҳоии барӯйхатгирии кишоварзии соли 2013 таҳия карда мешаванд. 
 

Другие новости