Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

02.10.2012
Сафари омӯзишии намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арманистон аз 16 то 22 сентябри соли 2012

 Дар асоси Барномаи UNICEF оиди барқарор ва тараққӣ намудани маҳзани маълумотии Tajikinfo семинарии омӯзишии намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ташкил карда шуд. Мақсади асосии ин сафар – омӯзиши таҷрибаи ArmeniaInfo (АрменияИнфо) ва ворид намудини ин таҷриба ба TajikInfo.

Ҳайати намояндагон аз 9 нафар кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар кормандони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як намояндаи UNICEF иборат буд.

Саршавии семинар рӯзи 17 сентябр баргузор шуд ва онро Президенти Хадамоти миллии омори Арманистон Степан Мнатсаканян ва роҳбари UNICEF дар Арманистон Хенрейт Ахренс кушоданд.

Дар суханронии худ ҷаноби Мнатсаканян оиди сохтори Хадамоти миллии омори Арманистон сухан ронда, қайд намуд, ки Мақомоти олии идоракунии Хадамоти миллии омори Арманистон Шӯрои давлатии омор мебошад. Шӯрои давлатӣ аз 7 аъзо иборат буда, онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Арманистон ба мӯҳлати 6 сол таъин карда мешаванд. Президенти Хадамоти миллии омори Арманистон ҳамзамон Раиси ин Шӯро мебошад.

Оиди ташкили кори Лоиҳаи «ArmeniaInfo» ҷаноби Вануш Давтян, ки аъзои Шӯрои давлатии омори Хадамоти миллии омори Арманистон мебошад, презентатсияи худро пешниҳод намуд. Ӯ қайд намуд, ки соли 2009 курсҳои таълимӣ дар компютерҳои локалӣ барои кормандони Хадамоти миллии омори Арманистон ташкил карда шуда буданд, ва ин омӯзиш имконият дод, ки маҳзани маълумотии Мақсадҳои Тараққиёти Ҳазорсолаи (МТҲ) Арманистон дар формати DevInfo сохта шавад.

Оиди системаи DevInfo, ArmeniaInfo аз тарафи Мартирасян Аида – Сардори Раёсати тараққиёти технологияи маълумотӣ презентатсия пешниҳод карда шуд. Дар баромади худ ӯ дар бораи Мақсадҳои Тараққиёти Ҳазорсола гуфта гузашт. Инчунин ӯ чӣ будани DevInfo – ро муфассалтар шарҳ дод. DevInfo – ин сохтори пуриқтидори маҳзани маълумотҳое мебошад, ки дар асоси ҳамкории якҷоя бо сохтори муассисаи Созмони Миллали Муттаҳид коркард шудааст ва ба сохтори ахборотии стратегии ЮНИСЕФ мувофиқ гардонида шудааст. ДевИнфо барои дастрас намудани ҷадвалҳо, рӯйхатҳо, харитаҳо ва дигар маводҳо имконият медиҳад. Ғайр аз ин, ДевИнфо нишондиҳандаҳо оиди вақт ва аҳамияти ҷуғрофиро дар бар мегирад, ва метавонад дар мувофиқа ба талаботи ҳар як истифодабаранда омода бошад.

Есаян Карина – мутахассиси Раёсати коркарди маҳзани маълумотҳо ва барномасозӣ дар мавзӯи «Сохтани маҳзани маълумотҳо дар формати DevInfo дар сатҳи марзаҳои (вилоятҳо) Лори ва Тавуш» презентатсия пешниҳод намуд.
Ҷаноби Тертериан – Муовини вазири Вазорати маъмурияти ҳудудии Ҷумҳурии Арманистон дар мавзӯи «Маҳзани маълумотҳои ҷамоатӣ» презентатсия гузаронд.

Дар Маркази миллии дастгирии техникӣ Аршак Погусян дар мавзӯи «Системаи ахборотии идоракунии мактабҳо» презентатсия карда гузашт.

Дар рӯзи охирини семинар машғулиятҳои амалӣ дар Барномаи DevInfo гузаронида шуданд. Сардори Раёсати тараққиёти технологияи маълумотӣ – Аида Мартирасян бо барномасозони мо машғулият гузаронид ва оиди усули сохтани Web- тафсир барои DevInfo шарҳ дод.

29 сентябри соли 2012 Шӯрои методологии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиева Б.З., аъзоёни Шӯрои методологӣ ва сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳои Агентӣ ва МКҲ иштирок варзиданд.

Дар ин Шӯрои методологӣ ҳисоботи Роҳбари гурӯҳ – Силемуншоев Н.С. оиди натиҷаҳои сафари омӯзишӣ ба Арманистон пешниҳод карда шуд. Инчунин презентатсияи яке аз намояндагони ин гурӯҳ Мирпочоев Ф. пешниҳод карда шуд, ки дар он ӯ усули тартиб додани харитаҳо, ҷадвалҳо ва графикҳо аз рӯи натиҷаи маводҳои Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил – 2010 дар формати TajikInfo-ро нишон дод.

Ғайр аз он Бегова Х. аз рӯи маълумотҳои омори демографӣ низ дар формати Tajiknfo презентатсия пешниҳод намуд.
Дар асоси презентатсияҳои дар боло қайдкардашуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин сафар хизматӣ барои омӯзиши таҷрибаи Арманистон дар тараққиёти ArmeniaInfo хеле самарабахш буд ва он таҷрибае, ки иштирокчиён ба даст оварданд дар фаъолияти корӣ барои ривоҷи TajikInfo истифода карда мешавад.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузории худро ба ташкилкунандагони ин семинар – ЮНИСЕФ ва Хадамоти миллии омори Арманистон барои меҳмоннавозӣ ва ҳамкорӣ иброз менамояд.

 

 

Другие новости