Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

29.09.2012
Таҷрибаомӯзии роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ дар Дастгоҳи марказии Агентии омор

 Тибқи нақша баргузории таҷрибаомӯзии кормандони мақомоти маҳаллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили ихтисос мегузаранд, рӯзи 27-уми сентябр дар толори маҷлисгоҳи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаомӯзон дар ҳайати 72 нафар вохӯрӣ гузаронида шуд.

Вохӯриро бо маърӯзаи ифтитоҳӣ Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. оғоз намуд. Муҳаммадиева Б.З. оиди ҳисоботҳои оморӣ, тарзи шаффофият ва саҳеҳии онҳо маълумот дода, аз нишастагон хоҳиш намуд, ки дар давраи таҷрибаомӯзиашон бодиққат, ҷиддӣ ва бо дарки масъулияти баланд муносибат намоянд. Директори Агентӣ ҳамчунин дар бораи барномаҳои омории кишварҳои пешрафта ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки мо бояд аз таҷрибаҳои онҳо омӯзем ва дар фаъолияти кории худ самаранок ва бомақсад истифода барем.

Баъдан намояндагон аз Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, оиди курсҳои таълимӣ ва мақсади таҷрибаомӯзӣ, ки барои хизматчиёни давлатӣ равона карда шудааст, маълумот доданд.

Муовини Директори Агентӣ Норов Қ.Д. дар бораи барномаҳои омории дар пешбуда, барӯйхатгирии кишоварзӣ сухан карда, таъкид намуд, ки дар рафти супоридани ҳисоботҳо ва тайёрӣ ба барӯйхатгирии кишоварзӣ ҷиддӣ ва бодиққат бошанд.

Ҳамчунин сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Муродова З.Ҳ. оиди Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2012 №1301 «Дар бораи ихтисори воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ», аз 14 сентябри соли 2012, №1349 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2010, №862», Фармоиши Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтисор намудани воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии Агентӣ» аз 20 сентябри соли 2012, №132-к маълумот дода, кормандонро бо сохтори нави Дастгоҳи марказии Агентӣ ошно намуд.
 

Другие новости