Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.09.2012
Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Истифодаи таснифоти байналмилалии намуди фаъолияти иқтисодӣ дар барӯйхатгириҳои оморӣ»

  Рӯзҳои 24-26 сентябр семинари омӯзишӣ, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA), ки барои мамлакатҳо ҷиҳати такмил додани малака барои гузаронидани барӯйхатгириҳои оморӣ кӯмаки техникӣ пешниҳод менамояд ва ҳамин тариқ ба рушди босубот ва ҳамаҷониба мусоидат менамояд, баргузор гардид.

Дар семинар бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд: Бахтия Муҳаммадиева – Директори Агентии омор ва Алишер Ашуров – Намояндагии Хазинаи нуфуси ССМ дар Тоҷикистон. Дар кори семинар намояндагони дастгоҳи марказии Агентии омор, намояндагони Сарраёсатҳои Агентии омори вилоятҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва раёсат ва шӯъбаҳои Агентии омори ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Файзобод иштирок намуданд.

Дар рафти баррасии барномаи кори семинар омӯзишӣ нисбат ба аҳмияти таснифотҳо барои низоми омор, инчунин такмил ва истифодаи таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ дар барӯйхатгириҳо (барӯйхатгирии аҳолӣ ва барӯйхатгирии кишоварзӣ) ва истифодаи он дар барӯйхатгирии кишоварзии асосӣ ва санҷишӣ таваҷӯҳи бештар дода шуд.

Ҳамчунин дар семинар лоиҳаи саволномаи барӯйхатгирии кишоварзӣ, дастурамал оид ба пуркунии он, рамзгузорӣ мутобиқи таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ гардид.

Барои таҳияи ҳуҷҷатҳои омодагӣ барои барӯйхатгирии кишоварзӣ, нақшаҳои ташкилӣ, дастур барои омода намудани харитаҳо, тартиб додани рӯйхати корхонаҳои кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ, тартиби муайян намудани сарборӣ барои бақайдгирандаҳо, мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ, дастурдиҳанда, назоратчӣ ва ҳисобчиён дида баромада шуданд.


Оид ба рафти иҷрои корҳои тайёрӣ ба барӯйхатгирии санҷишӣ дар шаҳри Сарбанд, мушкилиҳои рафти корҳои тайёрӣ дар маҳалҳо ва ҳалли онҳо, марҳилаҳои гузаронидани барӯйхатгирии санҷишӣ ва асосӣ, ворид намудани фикру мулоҳизаҳо оид ба саволнома ва дастурамали пуркунии он, маводҳои ёрирасон барои ҳисобчиён, буҷети барӯйхатгирии кишоварзӣ ва инчунин натиҷабардорӣ аз баргузории семинарии омӯзишӣ ва табодули фикру андешаҳо мавриди бараси қарор дода шуд.

Таҷрибаи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ шуда, дар охир табодули афкор сурат гирифт.
Тавсияҳои қабулшуда қадамҳои нахустин барои вусъат бахшидани ҳамшарикии ҷонибҳои манфиатдор барои чорабиниҳои минбаъдаи баланд бардоштани дараҷаи дониш ва табодули афкор ба ҳисоб мераванд.
 

Другие новости