Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

18.09.2012
Мулоқот бо намояндаҳои Ташкилоти Марказии Омори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

17 сентябри соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷуҳмурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентии омор Муҳаммадиева Б.З., муовини аввали Директори Агентии омор Шокиров Ш.Ш., бо намояндаҳои Ташкилоти Марказии Омори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (CSO): муовини Раис - оғои Ҳасибулло Муҳаммад, сардори Раёсати тафтишу назорат – оғои Абдуҷаббор Ишақзоӣ, мушовир – оғои Исматулло Рамзӣ, сардори Шӯъбаи омори иқтисодӣ – оғои Азизулло Фаирӣ, сардори Шӯъбаи омори демографӣ ва иҷтимоӣ – хонума Рахилаи Ориф, сардори Шӯъбаи низомҳои ҳисобҳои миллӣ – оғои Моҳид Иброҳим Наимӣ дори гардид.

Дар давоми ҳафта намояндаҳои Ташкилоти Марказии Омори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо фаъолияти соҳаҳои дахлдори омор шинос шуданд, барои мубодилаи таҷриба ва беҳтар шудани ҳамкории оянда дар соҳаи омор ба мақомоти маҳаллии омор ташриф мебаранд.

Ин сафари сеюми кормандони омори Афғонистон дар ду соли охир ба Агентии омор мебошад. Гурӯҳи роҳбарияти олитаҷрибаи Ташкилоти Марказии Омори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки соли гузашта низ ба Агентии омор ташриф оварда буданд, аз сафари худ пурра қаноатманди изҳор намуданд ва CSO аз нав ба Агентии омор дар бораи шиносоӣ бо боқимонда кормандони Раёсати CSO бо низоми чорабиниҳои оморӣ, ки дар мамлакати мо пешбин шуданд ва барои мубодилаи таҷриба дар соҳаи омодагӣ ва татбиқу амалӣ гузаронидани барномаҳои бисёрсолаи оморӣ, ки Агентии омор дар моҳи июни соли 2011 бо муваффақият татбиқ ва амал кард, муроҷиат намуд.
.
 

Другие новости