Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

07.09.2012
Рӯзи 7 сентябри соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

 Рӯзи 7 сентябри соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Мушовири калон оид ба саволҳои соҳаи иқтисодиёт Бӯриев Н.Б. иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро Директори Агентӣ Муҳаммадивеа Б.З., кушода кормандони Агентиро ба ин рӯз табрик гуфта ба онҳо дар корҳояшон мувафақит таманно намуд.

Баъд аз он Мушовири калон оид ба саволҳои соҳаи иқтисодиёт Бӯриев Н.Б. суханронӣ намуда, кормандони Агентиро бо 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду корманди Агентӣ, мукофоти давлатӣ супорида шуд:

 

Медали «Хизмати шоиста» ба Гадоева Гулизор Мирзоевна – сардори Раёсати омори меҳнат ва иҷтимоии Маркази кулли ҳисоббарории Агентӣ


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 Ифтихорномаи фахрии Тоҷикистон ба Ғозиев Аҳмад Бобоевич сардори Раёсати омори шаҳри Хуҷанд
(ба Сайдуллоев Абдумаҷид Тошпӯлотович – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ифтихорномаи фахрии Тоҷикистон пешниҳод шуд, то ки ба Ғозиев Аҳмад Бобоевич сардори Раёсати омори шаҳри Хуҷанд супорида шавад).
 

 

Другие новости