Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

22.08.2012
Ҷаласаи навбатии Шӯрои методологӣ барои барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013

 Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ дар соли 2013 рӯзи 16 августи соли 2012 таҳти роҳбарии Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З. ҷаласаи навбатии Шӯрои методологӣ гузаронида шуд.

Дар он Сардори раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист - Абдуллоев М дар бораи моҳияти барӯйхатгирии кишоварзӣ, оид ба иҷрои корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ, корҳои тайёрии барӯйхатгирии санҷишӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, саволномаҳои барӯйхатгирӣ ва проблемаҳои мавҷуда ахбороти муфассал дод.

Оид ба баъзе норасоиҳои саволнома муовини директори Агентӣ Асоев А.Р, Сардорони раёсатҳо Қулов А, Тоҳиров Э. фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки рафти корҳои тайёриро то 1 январи соли 2013 вусъат додан зарур аст. Дар зарфи 4 – моҳи боқимонда тартиб додани рӯйхати хонаводаҳо, нақшаи схематикии шаҳрҳо, харитаҳои ноҳияҳо хеле мушкил аст, гуфтанд дар баромади худ Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З.

Барои пешрафти кор аз ҳисоби муовинони Директор ва сардорони раёсатҳои Агентӣ комиссия таъсис дода шавад ва барои расонидани ёрии амалӣ ба мақомотҳои омори маҳаллии шаҳру ноҳияҳо фиристода шаванд.
Натиҷаҳои сафари хизматӣ дар ҷаласаи навбатӣ муҳокима гардида чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Другие новости