Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.08.2012
Ҷаласа оид ба хазинаи маълумотҳои ТРАНСМОНИ, 17 августи соли 2012

 Дар Агентии омор бо иштироки Директори Агентӣ – Б.З.Муҳаммадиева, муовини Раиси Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дилором Мисаидова, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон - Лайли Мошири, намояндагони вазоратҳои маориф, тандурустӣ, адлия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, шӯъбаи ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Душанбе, Прокуратураи генералӣ ва ғайраҳо ҷаласа оид ба хазинаи маълумотҳои ТРАНСМОНИ баргузор гардид.
Мақсади асосии вохӯрӣ беҳтар намудани ҳамоҳангсозии мониторинги риояи ҳуқуқи кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳи хабардорӣ, хусусан дар соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон ба ҳисоб мерафт.

Муовини Раиси Комиссияи миллии ҳуқуқи кӯдакон Дилором Мирсаидова муҳим будани ҷамъоварии маълумотҳоро дар хазинаи ТРАНСМОНИ, мӯҳлати пешниҳоди маълумотҳо дар шакли ягона барои ҳамаи вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ қайд намуд. Ӯ ҳамчунин дар бораи мусоидати Стратегияи миллии ҳуқуқи кӯдакон барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳамаи сохторҳо, ки ба беҳтар намудани ҳолати занон ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ҳастанд, ибрози ақида намуд.

Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон – Лайли Мошири иштирокчиёнро оид ба такмил додани сохтор ва мундариҷаи ТРАНСМОНИ шинос намуд, ки шарикон нобаробарие, ки ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба кӯдакон ва наврасон ва барои иттилоотонии раванди қабули қарорҳо ва таҳияи сиёсат, ки ба далелҳои самаранок барои кӯдакон асос ёфтаанд, пайгирӣ намоянд.

Директори Агентии омор – Б.З.Муҳаммадиева ба намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат дар пешбурди хазинаи маълумотҳои ТРАНСМОНИ, ки хазинаи иттилоотии пурраи оморӣ оид ба ҳолати занон ва кӯдакон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, баён намуданд.

Мутахассисони иштирокнамудаи ҷаласаи мазкур, ки ба татбиқ ва пайгирии ҳуқуқи кӯдакон ҷалб шудаанд, бо мундариҷа ва сохтори хазинаи маълумотҳои ТРАНСМОНИ шинос шуданд ва самтҳои афзалиятнок, норасогиҳо ва мушкилиҳои ҷамъоварии маълумотҳоро барои беҳтар намудани мавҷудият ва истифодаи маълумотҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ баррасӣ намуданд.

Будникова Е.В. – сардори шӯъбаи омори иҷтимоӣ презентатсияи «ТРАНСМОНИ – пешравӣ ва мушкилиҳои ҷамъоварии маълумотҳо»-ро пешниҳод намуд. Маълумотнома шарҳи муфассали фаслҳои хазинаи омории ТРАНСМОНИ, муҳимияти ҳамроҳ намудани нишодиҳандаҳои нав ва нопурраро дар бар мегирифт. Иштирокчиёни ҷаласа СД дискҳоро бо шаблони хазинаи маълумотҳо, мафҳумҳои методӣ, инчунин дастурамали фишура оид пуркунии онро гирифтанд.

Хазинаи маълумотҳои ТРАНСМОНИ доираи васеи маълумотҳои иҷимоӣ ва иқтисодиро, ки ба ҳолат ва некӯаҳволии кӯдакон, ҷавоно ва занон дар мамлакатҳои Аврупои Марказӣ ва Шариқи ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқаманд мебошанд, фаро мегирад. Хазинаи маълумотҳои навкардашуда қариб 1250 нишондиҳанда дорад ва онро Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 инҷониб пеш мебарад.

 

 

Другие новости