Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

25.07.2012
Оид ба ҷамъбасти дар нимсолаи якуми соли 2012 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид

Агентӣ 23 июли соли ҷорӣ дар Маркази Матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбор, нишасти матбуотӣ гузаронид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони зиёда аз 10 рӯзномаҳо, маҷалаҳо, радио ва телевизион аз он ҷумла: рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета» телевизионҳо «Сафина», «Шабакаи якум», «Радиои озодӣ» ва дигарон иштирок карданд.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З. кушода, ба иштирокчиён мӯҳтавои маълумотҳоро «Оид ба фаъолияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2012» пешниҳод намуданд.

Баъд аз ин баҳсу мунозира байни намояндагони воситаҳои ахбор ва кормандони Агентӣ тарзи саволу ҷавоб оғоз гардид.
Саволҳо умуман дар мавзӯҳои зерин буданд: истифодаи маблағҳои барои НО «Роғун» ҷамъоварӣ карда шуда; шумораи бекорон дар ҷумҳурӣ; шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар; сабати истеъмолӣ; тарзи нархгузорӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ аз он ҷумла дар бозорҳои шаҳри Душанбе; шумораи аҳолии ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 ва сохтори вай; шумораи олимон дар ҷумҳурӣ ва ғайра.

Ба саволҳои рӯзноманигорон Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шӯъбаҳои посух доданд.
 

 

Рӯноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

.


 

Другие новости