Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.07.2012
17 июли соли 2012 Ҷаласаи васеи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2012 баргузор гардид

Бо гузориш оид ба натиҷаҳо ва вазифаҳои мақомоти омори давлати дар соли 2012 Директори Агентии омор Муҳаммадиева Б.З. баромад намуд. Ҳамчунин оид ба кори мақомоти маҳаллии омор сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисобот доданд.

Дар бораи барӯйхатгирии кишоварзии дар пешистода гузориши Муовини директори Агентӣ Норов Қ.Д. оид ба корҳои ба анҷом расонидашуда ва вазифаҳои дар пеш истода барои гузаронидани бурӯйхатгирии кишоварзӣ дар соли 2013 пешниҳод карда шуд. Қайд карда шуд, ки аллакай дар ду вилоят ва шаҳри Душанбе шӯъбаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ ташкил шудааст ва зарур аст, ки то охири соли ҷорӣ чунин шӯъбаҳо дар ҳамаи мақомоти маҳаллии омор ташкил карда шаванд.

Доир ба нақшаи чорабиниҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2012/2013, гузаронидани корҳои таъмирии низоми гармидиҳӣ, аз назар гузаронии низоми коммуникатсионӣ ва дигар масъалаҳо маълумот пешниҳод карда шуд.

Бо Қарори Ҷаласаи мушовара дар назди мақомоти омор вазифаҳои аввалиндараҷа барои нимсолаи дуюми соли 2012 гузошта шуданд.



 

Другие новости