Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.07.2012
Ташрифи дуюми Арзёбии Глобалии низоми миллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи дуюми Арзёбии Глобалии низоми миллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-13 июли соли 2012 дар Агентии омор ташрифи дуюми арзёбии глобалии низоми миллии омор дар ҳайати коршиносони аз Комиссияи иқтисодии Аврупо – ҷаноби Габриел Гамес, аз Омори Аврупо – хонум Сив-Ирен Педерсон ва аз Ташкилоти савдои озоди Аврупо – ҷаноби Генри Брюнгер барпо гардид.

Мақсади асосии ташрифи аз баррасии лоиҳаи ҳисоботи гирифташуда оид ба арзёбии глобалӣ ва шарҳу эзоҳе, ки ба ҳар як боби ҳисобот мутахассисони Агентии омор пешниҳод намудаанд, иборат буд.

Баъди вохӯрӣ бо роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарон ва мутахассисони раёсату шӯъбаҳо, якҷоя бо Маркази кулли ҳисоббарорӣ сӯхбатҳо гузаронида шуданд.

Чор боби ҳисобот: асосҳои ҳуқуқӣ, низоми миллии омор, низоми Агентии омор, сарчашма ва коркарди маълумотҳо, назорати сифат, регистр ва таснифотҳо, омори соҳавӣ баррасӣ шуданд.

Вохӯрӣ бо ҳамоҳангсози мақомоти омор аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон, аъзоёни Шӯрои байниидоравии оморӣ, инчунин бо вазорату идораҳо ҷудогона доир гардиданд.

Дар охир бо роҳбарияти Агентии омор оид ба хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳо, ки дар гузориши ниҳоӣ дақиқ карда мешаванд ва барномаи қадамҳои навбатӣ (ташкили семинар бо ташаккулдиҳандагон ва истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ) ва ташкили раванди рушди минбаъда баррасӣ шуданд.

Мақсади ташриф аз арзёбии сатҳи мутобиқати низоми миллии омор ба стандартҳои байналмиллалӣ ва аврупоӣ, ҳамчунин принсипҳои фундаменталии омори расмӣ ва кодекси меъёрҳои омори аврупоӣ иборат мебошад.



 

Другие новости