Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.06.2012
Ташрифи мутахассиси Хазинаи байналмилалии Асъор оид ба Стандартҳо махсуси паҳнкунии маълумотҳо, 14-27 июни соли 2012.

Аз 14 то 27 июн ташрифи коршиноси Хазинаи Байналмиллалии Асъор оид ба Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳо ба Тоҷикистон дар шахси иқтисодчӣ – ҷаноби Здравко Балезов аз шӯъбаи омори ХБА вобаста ба ташаббуси Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳои Хазина, ки системаи умумии паҳнкунии маълумотҳо (СУПМ) ва Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳо (СМПМ)-ро фаро мегирад, барпо мегардад.

14 июн дар Агентии омор вохӯрии бо роҳбарият ва мутахассисони Агентӣ, Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ Директори Агентӣ – Муҳаммадиева Б.З. баромад намуда, қайд карданд, ки мо ташаббуси Хазинаро дар ҷодаи паҳнкунии маълумотҳо аз рӯи СУПМ ва СМПМ барои рушди низоми омори миллӣ муҳим арзёбӣ менамоем, зеро он марҳила ба марҳила дар методологияи оморие, ки дар сатҳи байналмиллалӣ қабул шудааст ва барои шароиту талаботҳои СМПМ ҷавобгӯ мебошад, ҷорӣ карда мешавад ва мо умедвор ҳастем, ки бо ташрифи коршиноси ХБА ҳолати ҷориро арзёбӣ мешавад, тавсияҳо вобаста ба қадамҳои минбаъда, ки Тоҷикистон бояд гузорад ва ҷавобгӯи талаботҳо барои гузаштан ба ин стандарт мебошанд, пешниҳод мегарданд.

Ҷаноби Здравко Балезов дар бораи Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳо: таърихи пайдоиш, мақсадҳои СМПМ ҳамчун фишанг барои давлатҳои аъзо (имкониятҳои мавҷуда ва ё худ талош барои дохил шудан ба бозори байналмилалии сармоя (капитал)), дар ҷодаи пешниҳоди маълумотҳои иқтисодӣ ва молиявӣ барои ҷомеа; имконияти бартараф намудан ё заиф намудани тезутундшавии бӯҳрони молиявӣ аз ҳисоби беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот, ки барои мақомоти идоракунанда ва иштирокчиёни бозори ҷаҳонии сармоя нақши ҳалкунанда дорад, маълумот дод. Мамлакатҳое, ки ба СМПМ ҳамроҳ мешаванд, ба худ ӯҳдадорӣ мегиранд, ки талаботҳоро вобаста ба параметрҳои гуногун ва элементҳои СМПМ риоя намоянд ва ба ХБА иттилооти заруриро барои паҳн намудан дар Буллетени Стандартҳои Паҳнкунии Маълумотҳо (БСПМ) пешниҳод намоянд. СМПМ маълумотҳои зеринро дар бар мегирад: бахши ҳақиқӣ; бахши андозу буҷет; бахши молия; бахши хориҷӣ; дар бораи аҳолӣ.

Дар баромади дуюм «Дар бораи асосҳои арзёбии сифати иттилоот» ҷаноби Балезов иттилоъ дод, ки ХБА асосҳои арзёбии сифати иттилоотро дар ҷодаи паҳнкунии маълумотҳо таҳия намуд. Асоси арзёбии сифати иттилоот ҳангоми таҳияи унсури арзёбии сифати иттилоот дар соҳаи зерини омор истифода мешаванд: ҳисобҳои миллӣ; индекси нархҳои истеъмолӣ; омори молияи давлатӣ; омори тавозуни пардохт; омори пулӣ; омори қарзи беруна. Параметрҳои зерини сифат истифода мешаванд: кафолати холисона ва воқеияти методология; дақиқнокӣ ва устуворнокӣ; истифодаи ҳақиқӣ дар амалия; дастрасӣ ба иттилоот.

Ташрифи коршинос барои арзёбии ҳолат дар Агентии омор, Бонки миллӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 27 июн идома меёбад.

  Тоҷикистон дар СУПМ аз моҳи ноябри соли 2004 иштирок менамояд ва ба сифати сохтор барои рушди минбаъдаи омори макроиқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ-демографӣ Системаи умумии паҳнкунии маълумотҳоро истифода менамояд. Яке аз шартҳои имконпазир барои тақвият бахшидани низоми омори миллӣ ин мутобиқат ба талаботҳои СМПМ мебошад. Дар айни замон аз 71 мамлакати ҷаҳон, ҳафт мамлакат-аъзои ИДМ (Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Украина) ба стандартҳои ХБА ҳамроҳ шуда, маълумотҳои худро дар сомонаҳои миллӣ ва сомонаи ХБА ҷой додаанд. 


 

Другие новости