Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

15.06.2012
Вохӯрӣ бо истифодабарандагони маълумоти оморӣ дар мавзӯи: «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010»

 12 июни соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки як қатор намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» гузаронида шуд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. иштирокчиёни вохӯриро бо маҷмӯаҳо ва ҷилдҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010, ки нашр карда шудаанд шинос намуда, оиди нашрияҳои чопгардида мухтасар шарҳ доданд. Директор иброз намуданд, ки дар оянда таҳлили омории нишондиҳандаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010, ки айни ҳол дар ҷараёни омодагӣ ҳастанд, нашр мегарданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ Исмоилова З.Ҷ. презентатсияҳо дар мавзӯи: «Тағийрёбии шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фосилаи байни барӯйхатгириҳои аҳолии солҳои 2000 ва 2010» ва «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010» пешкаш карда шуданд.

Дар презентатсияи якум нишондиҳандаҳои муқоисавӣ оид ба тағийрёбии шумораи аҳолӣ дар минтақаҳо намоиш дода шуд. Алалхусус, аз рӯи ҷамъбасти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 қайд карда шуд, ки шумораи аҳолии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва НТҶ зиёд гардид. Инчунин слайдҳо оид ба шумораи аҳолӣ дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот дар сатҳи ноҳияҳо намоиш дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ афзоиши аҳолӣ дар маҳалҳои шаҳрӣ 23,4%, дар маҳалҳои деҳот 23,5%-ро ташкил дод.

Презентатсияи дуюм ба нишондиҳандаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010: тағийрёбии шумораи аҳолӣ, тақсимоти аҳолии доимӣ аз рӯи синну сол ва ҷинс, таносуби шумораи мардон ва занон аз рӯи синну сол, тақсимоти аҳолии ҷумҳурӣ аз рӯи ҳолати ақди никоҳ бахшида шуда буд. Слайдҳо оид ба шумораи хонаводаҳо ва гурӯҳбандии онҳо аз рӯи андозаи истиқоматкунандагон, инчунин нишондиҳандаҳои маълумотнокӣ ва ҳайати миллии аҳолии ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд.

Дар охири вохӯрӣ оид ба як қатор нишондиҳандаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 саволҳо дода шуданд, ки мавриди баҳс қарор гирифт. Ба ҳамаи саволҳои додашуда посух дода шуд.
 

Другие новости