Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

04.06.2012
Ҷаласаи навбатии Шӯрои методологӣ

28 ва 29 майи соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои методологӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба боздиди навбатии гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ дар доираи  

Вобаста ба ин, ҳисоботи муфассали сардори Раёсати методология ва таснифот оид ба идоракунии сифат дар омори расмӣ шунида шуд. Аъзоёни Шӯрои методологӣ ва иштирокчиёни ҷаласа доир ба ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳо оид ба идоракунии сифат, пеш аз ҳама риояи принсипҳои асосии ташаккули омори давлатӣ – рӯзмарра, воқеӣ, илман асоснок, саривақтӣ, эътимоднок, холисона, махфӣ, мувофиқатпазир, шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расмӣ муҳокимарониҳо намуданд.

Ҳамчунин, дар алоқамандӣ бо ихтисорнамоӣ ва барҳамдиҳии такрорёбии ҳисоботҳои оморӣ ва сабуку камнамоии сарборӣ ба ҳисоботсупорандагон, масъалаи қатъ намудани пешбурди шаклҳои ҳисоботи омории шакли №3-молия, шакли №8-молия ва шакли №9-молияи омори молия баррасӣ гардид.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба ин масъала пешниҳод намуданд, ки масъалаи мазкур муфассалан баррасӣ ва ҳатман бо вазорату идораҳо ва институтҳои байналмилалии дахлдор, пеш аз ҳама Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ мувофиқа карда шавад.

Дар ҷаласа инчунин ҳисоботҳои мутахассисони Дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба натиҷаҳои сафарҳои хизматӣ шунида шуд.

Аз ҷумла, мутахассисони Агентӣ, ки оид ба масъалаҳои таҳлил, шарҳ ва паҳннамоии маълумотҳои оморӣ дар Ҷопон дар омӯзиш буданд, доир ба «таҳлили регрессионӣ ва коррелятсионӣ, омори дескриптивӣ, таҳлили қаторҳои динамикӣ бо назардошти тасҳеҳоти мавсимӣ ва принсипҳои асосии кор бо барномаи «STATA» ҳисоботи муфассал доданд. Бо чунин мазмун семинари омӯзишӣ барои ҳамаи мутахассисони Агентӣ гузаронида шуд.

 

Другие новости