Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

25.05.2012
21-22 майи соли 2012 машварати техникии идоракунии хазинаи маълумотҳои TojikInfo доир гардид

21-22 майи соли 2012 бо мақсади мустаҳкам намудани малакаи кормандони Агентии омор оид ба идоракунии хазинаи маълумотҳои TojikInfo бо дастгирии ЮНИСEФ, машварати техникӣ бо иштироки ҷаноби Камал Кумар Гаур аз гурӯҳи дастгирии DevInfo (Деҳлии нав, Ҳиндустон) доир гардид.

Ҷаноби Гаур ба гурӯҳи техникии Tojikhfo оид ба масъалаҳои ташаккул ва якҷоя намудани хазинаи маълумотҳо, азнавкунӣ ва ворид намудани маълумотҳо мусоидат намуд, ҳамчунин оид ба аз нав барқарор намудани корҳои хазинаи маълумотҳои TojikInfo дар реҷаи «Он-лайн» тавсияҳо дод.

22 май омӯзиши истифодабарии барномаи DevInfo барои мутахассисони Агентии омор ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҷаноби Гаур таҳлили инноватсионии таҳлили маълумотҳоро бо истофода аз технологияи DevInfo намоиш дод.

Дар семинар имкониятҳои картографии барнома ва истифодаи он дар раванди қабули қарорҳо, ки исбот шудаанд, баррасӣ гардид. Иштирокчиёни семинар имконият доштанд, ки як қатор нишондиҳандаҳои хазинаи маълумотҳои TojikInfo-родар намуди харита таҳлил намоянд.

TojikInfo, намунаи миллии DevInfo – ин хазинаи маълумотҳо дар бораи рушди иҷтимоӣ, ки зиёда аз 300 нишондиҳанда дорад, аз сарчашмаҳои гуногун гирифта шудааст. TojikInfo дастрасии осонро ба истифодаи васеъ дар раванди қабули қарорҳо ва банақшагирии стратегӣ таъмин менамояд. Хазинаи маълумотҳои мазкур имконият медиҳад, ки дар асоси маълумотҳои расмӣ дар сатҳи мамлакат, вилоятҳо ва ноҳияҳо ҷадвалҳо, графикҳо ва харитаҳо тартиб дода шаванд.

 

Другие новости