Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

17.05.2012
Дастурдиии омӯзишӣ оид ба истифодабарии барномаи CensusInfo дар Тоҷикистон

Аз 14 то 18 май дар Агентии омор дастурдиҳии омӯзишӣ оид ба технологияи CensusInfo, ки аз тарафи шӯъбаи омори СММ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи нуфуси СММ бо мақсади дастгирӣ оид ба паҳнкунии маълумотҳои барӯйхатгирӣ бо истифодаи Интернет ва CD баргузор шуда истодааст. Омӯзиши мазкур дар чорчӯбаи ташаббуси Глобалии ворид намудани СensusInfo аз тарафи шӯъбаи омори СММ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи нуфуси СММ ташкил карда шуд.

Намояндагии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Тоҷикистон барои мутахассисони Агентӣ оид ба гузаронидани дастурдиҳӣ бо дастгирии молиявии иловагӣ пешниҳод намуд.

Оид ба гузаронидани дастурдиҳӣ дар бораи СensusInfo байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктор Пол Чанг, Директори шӯъбаи омори СММ дар сесияи 43-юми Комиссияи СММ оид ба омор, ки моҳи феврали соли 2012 дар НюЙорк баргузор гардид, гуфтушунид барпо гардида буд.

Семинари мазкурро ҷаноби Ян Бейсе аз шӯъбаи омори СММ дар НюЙорк ва ҷаноби Камал Кумар Гаур аз гурӯҳи дастгирии DevInfo, Ню Дели, Ҳиндустон гузаронида истодаанд.

Мақсади дастурдиҳӣ баланд бардоштани малакаи техникии зарурии кормандони Агентӣ оид ба истифодабариии технологияи CensusInfo барои паҳнкунии маълумотҳои барӯйхатгирии соли 2010 ва истифодабарии маълумотҳо барои банақшагирӣ ва қабули қарорҳо, ки бо далелҳо асоснок мешаванд, ба ҳисоб меравад.

 

Другие новости