Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.04.2012
Ҷаласати васеи мушовараи Агентии омор

25 апрели соли 2012 аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2012 ҷаласаи васеи мушовара баргузор гардид.

Оид ба натиҷаҳо ва вазифаҳои мақомоти омори давлатӣ дар соли 2012 Директори Агентии омор Муҳаммадиева Б.З. баромад намуд. Ҳамчунин дар бораи фаъолияти мақомоти омори маҳалли роҳбарони сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисобот доданд.

Дар мушовара Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 баррасӣ карда шуд. Аз ҷумла дар Паёми Президенти қайд гардидааст, ки Агентии омор вобаста ба кам кардани миқдори ҳисоботҳои оморӣ, ҳамчунин тариқи электронӣ пешниҳод намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Дар мушовара вазифаҳои нав дар назди мақомоти омори давлатӣ қабул карда шуданд ва барои омодагӣ ва  татбиқи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар мушовара роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии МКҲ ва мақомоти омори маҳаллӣ иштирок доштанд.

 

Другие новости