Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

30.03.2012
Семинарҳои машваратӣ оид ба омори гендерӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара

Дар доираи Лоиҳаи «Гендер ва идоракунии демократӣ барои рушд – пешниҳоди хизматҳои асосӣ (базавӣ) барои занон», рӯзҳои 26-28 марти соли 2012 мутахассисони Агентии омори омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омори гендерӣ дар шаҳриҳои Хуҷанд ва Исфараи вилояти Суғд семинарҳои машваратӣ гузарониданд.

Мақсади асосии семинарҳо аз шинос намудани иштирокчиён бо принсипҳои асосии омори гендерӣ, пешниҳод намудани натиҷаҳои арзёбии ҳолати омори гендерӣ дар ҳифзи иҷтимоӣ ва ба инобат гирифтани ақидаҳо ва шарҳу эзоҳи шарикон, баррасӣ намудани тавсияҳо оид ба таҳияи нақшаҳои кори омӯзиш ва чорчӯбаҳои меъёрӣ оид ба омори гендерӣ иборат буд.   
 
Дар семинарҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 40 нафар мутахассисони сохторҳои гуногуни Вазорати меҳнати ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Ғончӣ: Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират, Агентии суғуртаи иҷимоӣ ва нафақа, шӯъбаи кӯмаки иҷтимоӣ дар хона, инчунин Агентии омор дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Вазъи ҷории омори гендерӣ, дар бораи натиҷаҳои арзёбии масъалаҳои оморие, ки ба дастрасӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ, хусусан занон ва кӯдакон  алоқаманд ҳастанд, пешниҳод карда шуд.

Иштирокчиён бо хазинаи маълумотҳои Агентии омор, ҳамчунин хазинаи маълумотҳои омории шаҳри Исфар ҳангоми ворид намудани маълумотҳои тозаи соли 2011 шинос карда шуданд. Бо мисолҳои мушаххаси хазинаи маълумотҳои мавҷудбуда пешниҳод карда шуд, ки нишондиҳандаҳо гендерӣ-ҳиссиётӣ илова карда шаванд, ба мисли: шумораи занҳое, ки нафақа ва кӯмакпулӣ мегиранд ва андозаи миёнаи нафақа нисбат ба андозаи нафақаи мардҳо, кӯмакпулӣ барои ҳар як кӯдаки минбаъд таваллудшуда, шумораи занҳои гирандаҳои кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва ғайраҳо.

Оид ба пешниҳоди маълумотҳо ба мақомоти омор дар сатҳи ноҳияҳо оид ба муассисаҳои табобатие, ки ба шахсони кӯҳансол ва кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд хизмат мерасонанд, аз рӯи ҷинс ва синну сол мавқеи ҷойгиршавии ин муассисаҳо диққати махсус дода шуд.
Истифодаи хазинаи маълумотҳои омории мавҷудбуда, илова намудани нишондиҳандаҳои нав оид ба дастрасӣ ба ҳизматрасониҳои ҳифзи иҷтимоӣ имконият медиҳанд, ки ба таври пурра ин иттилоот дар нашрияҳои омории Агентии омор барои доираи васеи истифодабарандагон пешниҳод карда шаванд.

Ҳамчунин вохӯрӣ бо мудири шӯъбаи муассисаи шаҳри Хуҷанд, ки ба масъалаҳои ҷойгиркунии кӯҳансолон ва кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди ниёзманд дар муассисаҳои табобатӣ барои кӯмаки иҷтимоӣ машғул мебошад, инчунин бо Раёсати суғуратаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд доир гардид, ки иттилооти муфассал дар бораи механизми ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳои пешниҳодшавандае, ки  барои пешниҳод намудан дар хазинаи маълумотҳои вилояти Суғд дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бо назардошти нишондиҳандаҳои гендерӣ-ҳиссиётӣ зарур ҳастанд, ба даст оварда шуд.

Мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили ҳисоботҳои мавҷуда, зарурати ҷорӣ намудани нишондиҳандаҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ ва пешниҳоди онҳо ба мақомоти омор барои нашр дар маҷмӯаи «Занон ва мардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2012 тавсияҳои мушаххас доданд.
 






 

Другие новости