Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

23.02.2012
Масъалаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади гирифтани иттилооти пурра оид ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муқоисаи ин нишондиҳандаҳо бо дигар мамлакатҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори №358 аз 1 августи соли 2011 ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тайёрӣ, гузаронидан, ҷамъоварӣ, коркард, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии кишоварзиро вогузор намуд.
Дар айни замон марҳилаи омодагӣ барои гузаронидани барӯйхатгирӣ ба сомон расонида шуда истодаанд: консепсия, лоиҳаи саволномаҳо, инчунин буҷети пешакӣ бо арзиши 4 млн. доллар таҳия гардиданд.
     
Натиҷаҳои дилхоҳ додани барӯйхатгирии кишоварзӣ аз ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба саҳм гирифтан дар маблағгузории ин чорабинӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд вобаста мебошад.

Бо ин мақсад, Ширкати ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) омода аст, ки коршиноси байналмилалии дарозмӯҳлатро бароии расонидани кӯмаки мушовирӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзӣ  бо шарти ба пуррагӣ таъминоти молиявии гузаронидани чорабинии мазкур ба Агентии омор пешниҳод намояд.

 22 феврал вохӯрии Директори Агентии омор – Муҳаммадиева Б.З. бо намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Насим Ҷавад – ҳамоҳангсоз ва Сангинбой Сангинов – менеҷери лоиҳа, ҷаноби Никола Гигас – муовини Директори Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Муҳаммадиева Б.З. дар бораи дастовардҳои татбиқи лоиҳаи пештара оид ба устуворгардонии системаи миллии омор, рушди малакаи оморӣ, дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 гуфта гузаштанд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал барӯйхатгирии кишоварзӣ гузаронида мешавад ва шарикони рушд барои якҷоя баррасӣ намудани масъалаҳои гузаронидани он даъват шуданд.

Ҷаноби Насим Ҷавад зикр намуд, ки Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Агентиро дар самти ташкили курсҳои омӯзишӣ ва пешниҳоди хизматҳои мушовирӣ дастгирӣ намояд.

Ҷаноби Никола Гигас қайд намуд, ки тартиб додани хазинаи маълумотҳо оид ба соҳаи кишоварщӣ барои банақшагирии дарозмӯҳлат ва кабули карорҳои сиёсӣ оид ба рушди соҳа хеле зарур аст. Дилхоҳ ислоҳоти кишоварзӣ бе нишондиҳандаҳои устувор ва мӯътамад ғайриимкон аст. Зарур аст, пешниҳоди лоиҳавӣ таҳия карда шавад ва дар он ҷанбаҳои муҳими барӯйхатгирии кишоварзӣ зикр гарданд ва бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи донорҳо ҷаласа гузаронида шавад.
Менеҷери лоиҳавии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ҷаноби Сангинбой Сангинов қайд намуд, ки омода ҳаст барои таҳияи чунин ҳуҷҷат кӯмак расонад.

Директори Агентии омор барои кӯмак ва мусоидат изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки барои ҳамкориҳои оянда баҳри татбиқи бомуваффақияти чорабинии мазкур умедҳои калон доранд.

Другие новости